Чархболи суқуткардаи Иброҳим Раисӣ пайдо шуд, аммо тақдири ӯ ва ҳамроҳонаш норӯшан аст
Бо гузашти ҳудуди 11 соат аз суқути чархболе, ки Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури Эрон якҷо бо Ҳусейн Амир Абдулоҳиён, вазири корҳои хориҷии ин кишвар савори он буд, то ҳол аз раиси ҷумҳур ва ҳамроҳони ӯ дараке нест. Дар ҳамин ҳол баъзе расонаҳо аз эҳтимоли ҳалокати ҳамаи мусофирони савори чархбол хабар медиҳанд.Дар ҳоле, ки расонаҳои расмиву нимарасмии Эрон аз дақиқ гардидани макони суқути чархбол, пайдо шудани қисмҳои он хабар дода, аз тақдири раиси ҷумҳур Раисӣ ва ҳамроҳонаш мушаххасан иттилое ироа намекунанд, хабаргузории Reuters бо такя ба манобеи худ дар мақомоти Эрон менависад, “эҳтимол аст ҳама мусофирони чархбол, ки Иброҳим Раисӣ, раисиҷумҳури Эрон низ буд, дар ин садама ҷони худро аз даст додаанд”.
Хабаргузории "Mehr" низ хабар медиҳад, ки Иброҳим Раисӣ ва ҳамроҳонаш дар пайи суқути чархбол ҷон бохтаанд. Аммо мақомоти расмии Эрон то ҳол ҳалокати раиси ҷумҳурро тасдиқ накардаанд.
Якҷо бо Иброҳим Раисӣ ва Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён дар чархбол Молик Раҳматӣ, волии устони Озарбойҷони шарқии Эрон ва оятуллоҳи устони Табрез Алӣ Ҳошим низ буданд.
Тибқи иттилои Reuters, чархбол дар 30-километрии минтақаи Тавал пайдо шудааст. Ҳоло дар он ҷо 73 гурӯҳи наҷотдиҳӣ бо таҷҳизоти махсус фаъолият доранд.
“Ҳавопаймо ба санг бархӯрда, оташ гирифт ва чархбол дар натиҷаи суқут комилан сӯхтааст. Дар бораи наҷотёфтагони садама дар ҳоли ҳозир маълумоте нест”, - менависад ин расона.Барои пайдо кардани чархболи суқуткарда беш аз 11 соат лозим шуд.
Қаблан хабаргузории эронии Tasnim бо такя ба раиси Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон хабар дода буд, ки чархболи суқуткарда бо истифода аз як ҳавопаймои бесарнишин кашф шудааст.
Раиси Ҳилоли Аҳмари Эрон Пирҳусайн Куливанд ҳам зикр кардааст, ки бо пайдо кардани макони чархболи суқутшуда, осоре аз зинда будани сарнишинони он пайдо нашудааст.
Бояд гуфт, ки чархболи раиси ҷумҳур Иброҳим Раисӣ як рӯз пеш, 19-уми май дар як минтақаи кӯҳистонӣ дар наздикии марзи Эрон бо Озарбойҷон суқут кард. Дарҳол бо ҷалби наҷотдиҳандагони Ҳилоли Аҳмар, низомиён ва пулис амалиёти густурдаи ҷустуҷӯӣ оғоз шуд. Ба кофтуков шароити номусоиди обу хаво халал мерасонад.
Ҳанӯз маълум нест, ки бо чархбол чӣ шудааст. Хабаргузориҳои Эрон мегӯянд, ки чархбол шояд дар тумани ғафс дар шимолу шарқи кишвар ба мушкил рӯбарӯ шудааст.