расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Ситораҳои ҷудо ба Тоҷикистон омаданд: Душанбе ба Тоскулоҳи бузург ҷиддӣ омода мешавад

Асосӣ / Ҷомеа

Ситораҳои ҷудо ба Тоҷикистон омаданд: Душанбе ба Тоскулоҳи бузург ҷиддӣ омода мешавад

Ситораҳои ҷудо ба Тоҷикистон омаданд: Душанбе ба Тоскулоҳи бузург ҷиддӣ омода мешавад


ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Cитораҳои ҷудои ҷаҳонӣ Тедди Ринери аз Фаронса ва Шоҳей Оно аз Ҷопон ба Тоҷикистон ташриф омаданд.
Ин меҳмонони вижаро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ва масъулини кумитаи тадорукоти мусобиқаи "Dushanbe Grand Slam 2024" гарм истиқбол карданд.
Ба ҳарду варзишгари шинохта тоқаву ҷомаи миллӣ пӯшониданд, хабар медиҳад, Федератсияи ҷудои Тоҷикистон.
Дар "Dushanbe Grand Slam 2024" Тедди Ринери муддаии асосӣ дар вазни беш аз 100 кило буда, аммо Шоҳей Оно ҳамчун меҳмони фахрӣ ширкат мекунад.

Маврид ба зикр аст, ки Теддии 35-сола, қаҳрамони секаратаи олимпӣ (Лондон-2012, Рио-2016, Токио-2020), қаҳрамони 12-каратаи ҷаҳон, қаҳрамони 5-каратаи Аврупо ва қаҳрамони бисёркаратаи Фаронса мебошад.
Меҳмони фахрӣ Шоҳей Оно, бошад, чемпиони дукаратаи олимпӣ, чемпиони ҳафткаратаи ҷаҳон, дорандаи Ҷоми ҷаҳон, ғолиби Бозиҳои осиёӣ, ҷоизадори нишони нуқраи чемпионати Осиё, чемпиони чоркаратаи Ҷопон ва дорандаи дани 5-уми IJF аст.
Ёдовар мешавем, ки шаҳри Душанбе бори аввал дар таърих мизбонии чунин чорабиниро ба зима дорад. Он аз 3-5 май дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обӣ доир мегардад.

Дар он 425 ҷудокор аз 71 кишвари 5 қитъаи олам ҳузур пайдо мекунанд, ки иборат аз 225 мард ва 196 бону буда, рақобатҳо дар 14 вазн баҳри имтиёзҳои олимпӣ сурат мегирад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.