расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ЧАРО ТОҶИКҲОРО БА РУСИЯ РОҲ НАМЕДИҲАНД? ДАЪВАТИ САФИРИ РУСИЯ БА ВАЗОРАТИ ХОРИҶА

Асосӣ / Ҷомеа

ЧАРО ТОҶИКҲОРО БА РУСИЯ РОҲ НАМЕДИҲАНД? ДАЪВАТИ САФИРИ РУСИЯ БА ВАЗОРАТИ ХОРИҶА

ЧАРО ТОҶИКҲОРО БА РУСИЯ РОҲ НАМЕДИҲАНД? ДАЪВАТИ САФИРИ РУСИЯ БА ВАЗОРАТИ ХОРИҶА
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як иттилоияи расмӣ хабар дод, ки рӯзи 26 апрели соли 2024 дар вазорати корҳои хориҷӣ мулоқот бо сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев баргузор гардид. Дар ин мулоқот ҷониби Тоҷикистон масъалаи мушкилоте, ки шаҳрвандони тоҷик дар марзҳои Русия дучор шудаанд, баррасӣ шуда, Душанбе нигарониашро аз “ҳолатҳои беасоси манъи вуруд ба қаламрави Русия барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки хусусияти оммавӣ пайдо кардаанд” ба самъи намояндаи дипломатии Маскав расондааст.
Бино ба иттилоияи расмӣ, мулоқот бо сафири Русия ба масъалаҳои таҳкиму густариши минбаъдаи ҳамкории ду кишвар дар самтҳои гуногун ва чорабиниҳои сиёсии дарпешистодаи дуҷониба ва бисерҷониба бахшида шуда буд, вале “зимни мулоқот ҳамчунин мушкилиҳое, ки бо онҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми убури сарҳади давлатии Федератсияи Русия давоми чанд ҳафтаи охир рӯ ба рӯ мешаванд, мавриди баррасӣ қарор гирифт”.
“ Ба мадди назари сафир нигаронии ҷониби Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои беасоси манъи вуруд ба қаламрави Русия барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки хусусияти оммавӣ пайдо кардаанд, расонида шуд”, - гуфта мешавад дар иттилоияи вазорати хориҷаи Тоҷикистон.
Ҷониби Русия даъвати сафираш дар Душанбе Семён Григорев ба вазорати хориҷаи Тоҷикистонро ҳанӯз шарҳ надодааст.
Тавре қаблан хабар додем, даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон аз он шикоят доранд, ки аз рӯзи 22 апрели соли 2024 дар як минтақаи байни марзи Русияву Қазоқистон дар рӯбарӯи гузаргоҳи “Сағарчин” дар марз бо вилояти Оренбург дармондаандл, чунки мақомоти Русия шаҳрвандони Тоҷикистонро танҳо баъди тафтиши мӯшикофона ба қаламрави ин кишвар роҳ медиҳад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.