расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ТАСАРРУФИ 142 ҲАЗОР СОМОНӢ АЗ СОХТМОНИ ОШХОНАИ ДУҚАБАТАИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТӢ

Асосӣ / Ҷомеа

ТАСАРРУФИ 142 ҲАЗОР СОМОНӢ АЗ СОХТМОНИ ОШХОНАИ ДУҚАБАТАИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТӢ

ТАСАРРУФИ 142 ҲАЗОР СОМОНӢ АЗ СОХТМОНИ ОШХОНАИ ДУҚАБАТАИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТӢ
Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 25 апрели соли 2024 аз анҷоми тафтиши пешакӣ ва ба додгоҳ супурдани парвандаи раҳбари ширкати “Лоиқ” Саидов А.И. ва шариконаш хабар дод. Онҳо ба он айбдор мешаванд, ки дар ҷараёни сохтмони ошхонаи дуқабатаи Маркази миллии тестии назди президенти Тоҷикистон  142 ҳазор сомонӣ, муодили қариб 13 ҳазор долларро тасарруф карда, барои пӯшондани ин кирдораш даст ба сохтакорӣ задааст.
Худи Саидов ё адвокат ваё наздиконаш барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале маркази матбуоти Агентии мубориза бо коррупсия гуфт: “Зимни гузаронидани санҷиши молиявӣ – хоҷагидории фаъолияти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуд, ки Саидов А.И. ҳамчун муассис - директори ҶДММ “Лоиқ” нақшаи ҷинояткоронаи тасарруфи маблағҳои буҷетиро таҳрезӣ намуда, бо ҳамин мақсад моҳи ноябри соли 2023 зимни сохтмонии иншооти “Сохтмони бинои ошхона, иборат аз 2 ошёна, дар ҳудуди қитъаи замини Маркази миллии тестии назди Президенти ҶТ” маблағи 142 ҳазору 693 сомонии аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ҷудошударо бо роҳи кам истифода бурдани масолеҳи сохтмонӣ тасарруф кардааст”.
 Дар бораи инки оё дар тасарруфи ин маблағҳо кадоме аз масъулони Маркази миллии тестӣ низ ба Саидов ва шариконаш ҳамдастӣ кардааст ё хайр?, дар гузориши Агентии мубориза бо коррупсия чизе гуфта нашудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.