расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Чӣ гуна метавон шаҳодатномаи ронандагии Тоҷикистонро ба шаҳодатномаи ронандагии Русия иваз кард?

Асосӣ / Ҷомеа

Чӣ гуна метавон шаҳодатномаи ронандагии Тоҷикистонро ба шаҳодатномаи ронандагии Русия иваз кард?

Дар Русия аз 1 апрели соли 2024 қоидаҳои нави марбут ба ивази шаҳодатномаҳои ронандагии хориҷӣ ва байнулмилалӣ ба шаҳодатномаҳои Русия мавриди амал қарор гирифт. Маҳз киҳо бояд иваз кунанд ва инро чӣ гуна метавон анҷом дод?

Ба ҳамаи хориҷиён зарур аст, ки шаҳодатномаи ронандагиро иваз кунанд?

Не, на ба ҳама. Иваз кардани шаҳодатномаҳои ронандагии хориҷӣ ва байнулмилалӣ барои онҳое зарур аст, ки шаҳрвандии Русия гирифтаанд ё Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) доранд.
Ҳамчунин ин ба онҳое низ дахл дорад, ки бори аввал пас аз гирифтани шаҳодатномаи ронандагии хориҷӣ ба қаламрави кишвар ворид шудаанд.

Киҳо метавонанд ба истифодаи шаҳодатномаҳои ронандагии хориҷӣ ё байнулмилаӣ идома диҳанд?

Агар шумо шаҳрвандии Русия ё ВНЖ надошта бошед, иваз кардани шаҳодатномаи ронандагӣ ба шумо лозим нест. Лекин танҳо дар ҳолате, ки автомашинаатонро барои эҳтиёҷоти шахсиатон истифода мебаред!
Агар шумо воситаи нақлиётро бо мақсади тиҷоратӣ истифода мебаред ё тибқи шартнома ба боркашонӣ машғулед, пас лозим меояд, ки шаҳодатномаи ронандагиатонро ба шаҳодатномаи Русия иваз кунед.

Сурат: РИА Новости

Ман шаҳрвандии Русия ё ВНЖ дар Русия дорам. Акнун шаҳодатномаи ронандагии ман дигар амал намекунад?

Тағйирот маънои онро надорад, ки шаҳодатномаҳои ронандагӣ дарҳол бекор мешаванд, зеро барои ивази онҳо вақти кофӣ дода мешавад.
Аз замони гирифтани шаҳрвандӣ ё ВНЖ дар Русия шаҳодатномаи ронандагиро дар зарфи як сол иваз кардан лозим аст. Яъне агар шумо то 1 апрели соли 2024 дар Русия бо шаҳрвандӣ ё доштани ВНЖ зиндагӣ мекардед, пас шуморо лозим аст, ки то 1 апрели соли 2025 шаҳодатномаи ронандагиатонро иваз кунед.
Агар шумо шаҳрвандии Русия дошта бошед (ҳатто душаҳрвандӣ - ҳамзамон Тоҷикистон ва Русия), пас шуморо лозим аст, ки дар муддати як соли пас аз вуруд ба Русия шаҳодатномаатонро иваз кунед. Яъне, агар шумо 25 июни соли 2026 ба Русия омада бошед, пас шуморо лозим аст, ки шаҳодатномаи ронандагиатонро то 25 июни соли 2027 иваз кунед.
Диққат! Ҳатто агар шумо сарҳади Русияро гузашта бошеду ба иқомати доимӣ намонда, хеле зуд бозпас аз Русия меравед, лекин ҳисоби лаҳзаи вуруд аллакай сар мешавад!

Ман шаҳодатномаи ронандагии Тоҷикистонро дорам ва мехоҳам онро иваз кунам. Лекин муҳлати амали он ба охир расидааст.

Танҳо шаҳодатномаи ронандагии амалкунандаи хориҷӣ бояд иваз карда шавад. Агар муҳлати амали шаҳодатнома ба охир расида бошад, онро аввал дар кишвари дар он додашуда иваз кардан ё бо супурдани ҳамаи имтиҳонҳо дар Русия гирифтан лозим аст.

Тартиби иваз кардани шаҳодатномаи ронандагӣ чӣ гуна аст?

Тартиби ивази шаҳодатномаи ронандагӣ ба категорияаш вобаста аст. Агар шумо мошини сабукрав ё дучарха (мотосикл) дошта бошед, танҳо аз назария имтиҳон месупоред. Барои ин дар мактаби ронандагӣ хондан лозим нест. Имтиҳони амалиро ҳам супурдан лозим намеояд.
Аммо барои ивази шаҳодатнома барои рондани мошини боркаш, автобус ё фура лозим меояд, ки ҳам имтиҳони назариявӣ ва ҳама амалиро супоред.
Ғайр аз ин, дар ҳарду ҳолат хулосаи тиббӣ пешниҳод кардан лозим аст. Комиссия аз табибои зерин иборат аст: духтури чашм, равоншинос, табиби бемориҳои нашъамандӣ (нарколог) ва инчунин терапевт.
Сурат: "Ведомости"

Ман маълумотномаҳои зарурии тиббиро гирифтам ва акнун омодаам, ки имтиҳон супорам. Танҳо дар куҷо?

Агар шумо ба таври доимӣ дар Русия зиндагӣ дошта бошед, дар ҳама гуна воҳиди Шуъбаи байниноҳиявии Нозироти давлатии бехатарии ҳаракат дар роҳ (МРЭО ГИБДД) худро ба қайд гузошта метавонед. Агар дар Русия муваққатӣ бошед, пас дар Шуъбаи байниноҳиявии Нозироти давлатии бехатарии ҳаракат дар роҳи минтақаи будубоши муваққатиатон.
Ба имтиҳон метавонед тариқи ГосУслуги, ё шахсан рафтан ба Шуъбаи байниноҳиявии Нозироти давлатии бехатарии ҳаракат дар роҳ худро номнавис кунед.

Чӣ гуна ҳуҷҷатҳоро пешниҳод кардан лозим аст?

Зимни худро номнавис кардан барои сабт дар имтиҳонҳо пешниҳоди чунин ҳуҷҷатҳо лозим аст:
- ариза;
- шиносномаи Русия (агар бошад) ё шиносномаи хориҷӣ ва ВНЖ бо зикри аз қайд гузаштан. Агар шаҳрвандӣ ё ВНЖ дар Русия надошта бошед, вале мехоҳед, ки шаҳодатномаро  ба Русия иваз кунед, масалан барои ба кор даромадан ба сифати ронанда, пас шуморо лозим аст, ки корти муҳоҷирати худро пешниҳод кунед;
- хулосаи тиббӣ (маълумотнома (справка)-и шакли 003 - в/у;
- шаҳодатномаи ронандагии хориҷӣ;
- тарҷумаи нотариалӣ тасдиқшудаи шаҳодатномаи шахсият ва шаҳодатномаи ронандагии хориҷӣ, агар онҳо ба забони русӣ набошанд;
- расид (квитансия) дар бораи пардохти боҷӣ давлатӣ;
- ду сурати андозаи 3х4 см.

Барои ивази шаҳодатномаи ронандагӣ маблағ пардохтан лозим меояд?

Бевосита худи ивази шаҳодатномаи ронандагии намунаи хориҷӣ ба русиягӣ, инчунин супурдани имтиҳон дар Нозироти давлатии бехатарии ҳаракат дар роҳ (ГИБДД) ҳам барои шаҳрвандони Русия ва ҳам хориҷиҳо бепул аст.
Пардохти ягона - боҷӣ давлатӣ мебошад.

Агар ман шаҳодатномаи ронандагии Русиро гирам, оё шаҳодатномаи ронандагии Тоҷикистони маро бармегардонанд?

Бале, бармегардонанд. Бо ин шаҳодатнома шумо метавонед дар Тоҷикистон ронандагӣ кунед.

Ман ҳамаашро супорида, шаҳодатномаи ронандагӣ гирифтам. Муҳлати он чӣ қадар аст?

Муҳлати амали шаҳодатномаи ронандагии хориҷии шумо дар ин ҳолат аҳаммият надорад. Агар шумо имтиҳонро супорида бошед, ба шумо ба муҳлати 10 сол шаҳодатномаи ронандагӣ медиҳанд.

Ман фурсат наёфтам ё намехоҳам шаҳодатномаи ронандагии худро иваз кунам. Барои ин чӣ гуна ҷазо пешбинӣ шудааст?

Агар шаҳодатномаи ронандагӣ дар муҳлати муқарраршуда иваз карда нашавад, онҳо беэътибор мешаванд. Барои рондани автомашина бо чунин шаҳодатнома аз 5 то 15 ҳазор рубл ҷарима пешбинӣ шудааст (модд. 12.7 КҲМ ФР).
Сурат: avtonews.ru

Ман шаҳрванди Тоҷикистон, дар Русия зиндагӣ мекунам. Ба мошинронӣ оғоз кардан мехоҳам, лекин дар Тоҷикистон шаҳодатномаи ронандагӣ нагирифтаам.

Барои гирифтани шаҳодатномаи ронандагии Русия доштани шаҳрвандии ин кишвар ҳатмӣ нест. Танҳо доштани ҳуҷҷате лозим аст, ки қонунӣ будани будубоши шаҳрванди хориҷиро дар қаламрави Русия тасдиқ кунад, масалан, қайди муваққатӣ ё иҷозатномаи зисти муваққатӣ (РВП).
Тартиби гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ дар ин ҳолат ба мисле хоҳад буд, ки барои шаҳрвандони Русия аст: дар мактаби ронандагӣ тасил кардан лозим аст: омӯзиши назария, машғулиятҳои амалӣ ва супоридани имтиҳон. Сатҳи душворӣ ҳамон гунае аст, ки барои шаҳрвандони маҳаллӣ мебошад.
Дар назар дошта бошед, ки дар Русия барои шаҳрвандони хориҷӣ мактабҳои ронандагӣ пешбинӣ нашудаанд, таҳсил ва супоридани имтиҳон бо забони русӣ сурат мегирад.
Шаҳодатномаи ронандагӣ барои шаҳрванди хориҷӣ ба мисли шаҳрвандони Русия ба муҳлати 10 сол амал мекунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.