расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Боздошти ронанда ва пулчинаки хатсайри 46 барои дағалгуфторӣ

Асосӣ / Ҷомеа

Боздошти ронанда ва пулчинаки хатсайри 46 барои дағалгуфторӣ

Боздошти ронанда ва пулчинаки хатсайри 46 барои дағалгуфторӣ
Аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт муроҷиати электронии як нафар шаҳрванд, ки санаи 20-уми апрели соли ҷорӣ дар сомонаҳои интернетӣ нашр намуда, аз бадрафтории ронанда ва пулчинаки воситаи нақлиёти хатсайри 46 шикоят дошт, мавриди санҷиш ва баррасӣ қарор дода шуд.
Дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес спринтер", рақамҳои қайди давлатиаш 4982ТТ 09, Саидов Давлатмирзо Ғаниҷонович, санаи таваллудаш 05.01.1993, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ ва пулчинаки номбурда, ноболиғ Исмонов М. боздошт карда шуданд.
Номбурдагон зимни фаъолияти мусофирбарӣ дар хиёбони Б.Ғафурови ноҳияи Сино қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дағалона вайрон намуда, ба пиёдагардон роҳ надодаанд. Инчунин ба эроди шаҳрвандон беэътиноӣ намуда, ҳамзамон бо алфози қабеҳ нисбати ҷавонзани муроҷиаткунанда дашномҳои қабеҳ намуда, шаъну шарафи ӯро дар назди атрофиён паст задаанд.
Вобаста ба ҳолати мазкур, нисбати ронанда Саидов Давлатмирзо барои вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ тибқи талаботи моддаҳои 511, 324 ва 320 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҳамзамон барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди санҷиш қарор дорад. 
Ҳамзамон нисбати волидайни ноболиғ Исмонов М. тибқи талаботи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд. 
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.