расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ дар заминаи таваққуфи нодурусти воситаи нақлиёт

Асосӣ / Ҷомеа

Вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ дар заминаи таваққуфи нодурусти воситаи нақлиёт

Вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ дар заминаи таваққуфи нодурусти воситаи нақлиёт
Санаи 22-юми апрели соли ҷорӣ, наворе дар шабакаҳои интернетӣ нашр гардид, ки як нафар шаҳрванд аз таваққуфи нодурусти ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Хундай», рақамҳои қайди давлатиаш 6161LF01 шикоят намуда, аз мақомоти милитсия хостори андешидани чораҳои дахлдори қонунӣ шуд.
Зимни саҷиши ҳодисаи мазкур муайян карда шуд, ки оддитарин мушкилот, яъне таваққуфи нодурусти воситаи нақлиёт то ба сар задани муноқиша ва вайрон гардидани тартиботи ҷамъиятӣ анҷом ёфтааст.
Ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай», рақамҳои қайди давлатиаш 6161LF01, Салиҳова Сабоҳат Убайдуллоевна, санаи таваллудаш 26.11.1994, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, деҳаи Гулбутта, дар таваққуфгоҳи маркази савдои «Панҷшер», воқеъ дар кӯчаи Н.Қарабоев нақлиёти худро ба таври нодуруст таваққуф намуда, ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт монеагӣ эҷод намудааст.
Ин ҳолат боиси эроди ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Лексус», рақамҳои қайди давлатиаш 4847ОТ01, шаҳрванд Шукуров Зафар Сафаралиевич, санаи таваллудаш 29.01.1988 ва ҳамсари ӯ Саидова Мавлуда Ахмедовна, санаи таваллудаш 31.11.1986, истиқоматкунандагони шаҳри Душанбе гардида, аз номбурда хоҳиш кардаанд, то ин ки автомашинаи худро дар канори таваққуфгоҳ гузорад. 
Аммо номбурдагон оддитарин мушкилоти ҷойдоштаро бо роҳи якдигарфаҳмӣ ҳал карда натавониста, байни ҳамдигар муноқиша намуда, якдигарро мавриди латукуб қарор додаанд. Ин ҳолат боиси вайрон гаштани тартиботи ҷамъиятӣ ва халалдор гаштани оромии шаҳрвандон шудааст.    
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати ҳар ду ҷониб маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, ҷиҳати оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ тибқи талаботи моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад. 
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.