расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » МУДИРИ ЛИТСЕЙИ ШАҲРИТӮС 69 НАФАРРО БАРДУРӮҒ БА КОР ГИРИФТА, БА НОМАШОН 470 ҲАЗОР СОМОНӢ МАОШ НАВИШТААСТ

Асосӣ / Ҷомеа

МУДИРИ ЛИТСЕЙИ ШАҲРИТӮС 69 НАФАРРО БАРДУРӮҒ БА КОР ГИРИФТА, БА НОМАШОН 470 ҲАЗОР СОМОНӢ МАОШ НАВИШТААСТ

МУДИРИ ЛИТСЕЙИ ШАҲРИТӮС 69 НАФАРРО БАРДУРӮҒ БА КОР ГИРИФТА, БА НОМАШОН 470 ҲАЗОР СОМОНӢ МАОШ НАВИШТААСТ
Мудири собиқи литсейи касбии техникии ноҳияи Шаҳритӯс Ёқуби Л. ба тасарруфи маблағҳои ин корхона ба андозаи қариб ним миллион сомонӣ айбдор мешавад.
Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 18 апрели соли 2024 хабар дод, ки ҳангоми гузаронидани санҷиши молиявию хоҷагидории фаъолиятҳо муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбии техникӣ”-и ноҳияи Шаҳритӯс муайян гардид, ки Ёқуби Л. аз 19 декабри соли 2014 сол то 3 апрели соли 2023, яъне беш аз 8 сол дар вазифаи мудири ин муассиса кору фаъолият карда, аз моҳи январи соли 2021 то моҳи майи соли 2023 дар асоси маслиҳати пешакӣ бо дигар шахсони масъули муассиса бо роҳи сохтакорӣ ба ному насаби 69 корманди собиқи литсей ва шахсони бегона парвандаҳои шахсӣ оид ба гӯё кор кардани онҳо дар ин корхона ва ҳуҷҷатҳои муҳосибиро омода кардаанд.
Худи Ёқуби Л. ваё наздикон ё адвокати ӯ барои шарҳи ин парванда дастрас нестанд, вале маркази матбуоти Агентӣ мегӯяд: “Сипас Ёқуби Л. ва шарикони ӯ дар асоси ҳуҷҷатҳои баръало қалбакӣ омодашуда ба номи 69 нафар ғайриқонунӣ кортҳои бонкӣ кушода, ҳар моҳ ба номии онҳо ҷамъ маблағи 470 ҳазору 583 сомониро ҳамчун музди маош гузаронида, сипас тавассути банкоматҳо ин пулҳоро нақдӣ кунонида,гирифта, маблағи ба дастовардаро ба манфиати шахсиашон сарф кардаанд, ки дар натиҷа бо ин кирдори қасдони худ ба давлат ба миқдори махсусан калон зарари моддӣ расониданд”.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.