расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Эрдуғон вуруди шаҳрвандони Тоҷикистонро ба Туркия бидуни раводид манъ кард

Асосӣ / Ҷомеа / Муҳоҷир

Эрдуғон вуруди шаҳрвандони Тоҷикистонро ба Туркия бидуни раводид манъ кард

Туркия реҷаи сафари бе раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистонро манъ кард. Дар ин бора фармони сарвари давлати Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон содир шудааст.
Тавре ки ТАСС хабар медиҳад, санад дар нашрияи расмии ҳукумат Resmi gazete нашр шуда, аз замони чопи он дар ин нашрия мавриди амал қарор мегирад.
“Қарор шуд, ки реҷаи сафари бе раводид ба Туркия барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки шиносномаҳои оддии хориҷӣ доранд, манъ карда шавад”, - зикр мешавад дар фармон.
Гуфта мешавад, ин тадбир бар асоси қонун дар бораи хориҷиён ва ҳифзи байнулмилалӣ рӯйи даст гирифта шудааст.
Қаблан расонаҳои Туркия навишта буданд, ки пештар аз амали террористӣ дар “Крокус Сити Холл” ду гумонбаршудаи ин амал - зодагони Тоҷикистон Фаридун Шамсиддин ва Саидакрам Раҷабализода аз Туркия боздид карда буданд.
Раҷабализода 5 январи соли 2024 ба Туркия омадааст. Тибқи маълумоти ВАО, онҳо ҳамроҳ дар як ҳавопаймо рӯзи 2 март ба Маскав баргаштаанд.
Пас аз амали террористӣ дар “Крокус” Туркия нисбати ҷонибдорони “Давлати исломӣ” (ДОИШ), ки масъулияти ҳамларо ба дӯш гирифтанд, якчанд санҷишу рейдҳо анҷом дод.
Газетаи Hürriyet хабар дода буд, ки миёни боздоштшудагон шаҳрванди 37-солаи Тоҷикистон Фозилҷон А. ҳузур дошт, ки ҳамроҳи зани 41-солаи шаҳрванди Қирғизистон Зулфия С. ҳамла дар Туркияро омода мекарданд.
Шаҳрванди Тоҷикистон номи рамзӣ ё худ лақаби Абӯ Исмоил дошта, бояд иҷрокунандаи ҳамла мешуд. Зани қирғизистонӣ бояд ба ӯ ёрӣ мерасонид. Ҳарду ҳам муддати тӯлонӣ дар сафҳои ДОИШ қарор доштанд.
Фозилҷон ба ҳабс гирифта шуда, нисбати Зулфия тасмим гирифта шуд, ки аз кишвар хориҷ карда шавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.