расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » БА МАБЛАҒИ 47 000: МУДИРИ БАХШИ ОМОРИ НОҲИЯИ СИНО БА ҚАЛЛОБӢ АЙБДОР МЕШАВАД

Асосӣ / Ҷомеа

БА МАБЛАҒИ 47 000: МУДИРИ БАХШИ ОМОРИ НОҲИЯИ СИНО БА ҚАЛЛОБӢ АЙБДОР МЕШАВАД

БА МАБЛАҒИ 47 000: МУДИРИ БАХШИ ОМОРИ НОҲИЯИ СИНО БА ҚАЛЛОБӢ АЙБДОР МЕШАВАД
Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар дод, ки мудири бахши омори ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Ҳукуматзода А.Х.  ба қаллобӣ ба маблағи 47 ҳазор сомонӣ, ё наздики 4300 доллар айбдор мешавад.
 “Чунончи, Ҳукуматзода А.Х. қасдан ва бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт, дидаву дониста аз он ки ваколати додани иҷозатнома барои сохтмони манзили истиқоматиро надорад, моҳи ноябри соли 2023 бо роҳи фиреб ба боварии сокини шаҳри Душанбе Давлатов Ҷ.С. даромада, аз номбурда барои аз мақомоти дахлдори давлатӣ гирифта додани иҷозатномаи сохтмони манзили истиқоматӣ маблағи 47 000 сомониро талаб карда гирифт. Зимнан, Ҳукуматзода А.Х. баъди гирифтани маблағ аз Давлатов Ҷ.С. ба манфиати охирон ягон амали муайянро иҷро накарда, маблағи 47 000 сомониро ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф намуда, тасарруф кард, ки бо ин кирдори қасдонаи худ ба Давлатов Ҷ.С. зарари махсусан калони моддӣ расонид”,  - гуфта мешавад дар гузориши Агентӣ.
Назари худи Ҳукуматзода ваё адвокат ё наздикони ӯ дастрас нест. Вале ба мансабдори ҳамакнун собиқ бар асоси қисми чоруми моддаи 247 ҳамчун ҷазо ҷарима ба маблағи аз 1460 то 2190 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда = 72 сомонӣ, ё тақрибан 6,5 доллар) ваё аз 8 то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.