расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ТАФСИЛОТИ МАРГИ ФОҶИАВИИ РАҲБАРИ ШИФОХОНАИ ШАҲРИ БОХТАР ФАРҲОД ИСОЗОДА

Асосӣ / Ҷомеа

ТАФСИЛОТИ МАРГИ ФОҶИАВИИ РАҲБАРИ ШИФОХОНАИ ШАҲРИ БОХТАР ФАРҲОД ИСОЗОДА

ТАФСИЛОТИ МАРГИ ФОҶИАВИИ РАҲБАРИ ШИФОХОНАИ ШАҲРИ БОХТАР ФАРҲОД ИСОЗОДА
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон бархе тафсилоти марги фоҷиавии Фарҳод Исозода, раҳбари муассисаи “Кумаки аввалияи тиббию санитарӣ” (КАТС)-и шаҳри Бохтар бар асари садама дар роҳи Бохтар – Душанберо нашр кард.
Бино ба иттилои ВКД, нимаи дуюми рӯзи 30-юми марти соли 2024, тахминан соати 15:30, ронандаи мошини тамғаи “Хундай-Саната”, Исозода Фарҳод Чилахон, соли таваллудаш 1972, сокини ноҳияи Фархор, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ғаллаободи ноҳияи Хуросон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, мошинашро ба чуқурии канори рости чаппа кардааст. Дар натиҷа, ронанда Исозода Ф.Ч. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Қаблан дар бораи марги Фарҳод Исозода  дӯстону ҳамкорони ӯ ва ҳамчунин маркази матбуоти вазорати тандурустӣ бо нашри номаҳои таслият хабар доданд. Гуфта мешуд, ки Фарҳод Исозодаро дар зодгоҳаш, ноҳияи Фархор ба хок супурдаанд.
Фарҳод Исозода аз хонаводаи пурнуфузи Исоевҳ

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.