расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ФУРӮ РЕХТАНИ ДАҲҲО ТАРМА ДАР РОҲИ ДУШАНБЕ - ХУҶАНД

Асосӣ / Ҷомеа

ФУРӮ РЕХТАНИ ДАҲҲО ТАРМА ДАР РОҲИ ДУШАНБЕ - ХУҶАНД

ФУРӮ РЕХТАНИ ДАҲҲО ТАРМА ДАР РОҲИ ДУШАНБЕ - ХУҶАНД
Маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки тайи рӯзҳои 9 ва 10 марти соли 2024 аз километри 57 то километри 73-юми роҳи Душанбе – Хуҷанд 29 тарма фаромада, рӯзи 10 март, соати 13:20, боз чандин тармаи дигар аз километри 81 то 158-уми ин ягона роҳи заминии байни вилояти Суғд ва маркази Тоҷикистон фурӯ рехтааст. Асароти ин офатҳои табииро бо истифода аз техникаи махсус кормандони ин ширкат ҳамроҳ бо кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бартараф кардаанд ва ҳаракати нақлиёт тавассути ин шоҳроҳ пурра барқарор карда шудааст. Аз ҷумла мавҷи дуюми тармаҳоро рӯзи 10 март, соати 15:40 бартараф кардаанд.
Гуфта мешавад, касе бар асари ин офатҳо осеб надидааст. Аз ҷумла ронандаву мусофирони як мошини “Опел”-ро, ки зери тарма монда буд, беосеб берун овардаанд.
Дар умум тайи ду рӯзи охир дар роҳи Душанбе – Хуҷанд 40 ронандаву мусофирро аз манотиқи хатарнок кӯчонда, онҳоро бо ҷои хоб ва хӯроки гарм таъмин кардаанд.
Рӯзи 11 марти соли 2024 роҳи Душанбе – Хуҷанд барои ҳаракати тамоми навъҳои нақлиёт боз буд, вале Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор дод, ки ба далели боришот то 13 март хатари фурӯ рехтани тармаву сангрез ҳамоно дар ноҳияҳои ғарбии вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар қаторкӯҳҳои Ҳисор, ҳамчунин дар роҳҳои Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ, Душанбе - Рашт -Лахш, Душанбе-Сангвор, Кӯлоб – Дарвоз, Ванҷ - Хоруғ, Хоруғ -Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб зиёд аст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.