расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ДАР ХОВАЛИНГ БОМИ НУҚТАИ БОНКИ “ДУШАНБЕ СИТИ”-РО ШИКАСТА, ПУЛ ВА 6 ТЕЛЕФОНРО ДУЗДИДААНД

Асосӣ / Ҷомеа

ДАР ХОВАЛИНГ БОМИ НУҚТАИ БОНКИ “ДУШАНБЕ СИТИ”-РО ШИКАСТА, ПУЛ ВА 6 ТЕЛЕФОНРО ДУЗДИДААНД

ДАР ХОВАЛИНГ БОМИ НУҚТАИ БОНКИ “ДУШАНБЕ СИТИ”-РО ШИКАСТА, ПУЛ ВА 6 ТЕЛЕФОНРО ДУЗДИДААНД
Ба ШВКД дар ноҳияи Ховалинг бо ариза марди 32-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 10-уми феврали соли 2024, тахминан соати 01:30, шахсони номаълум бо шикастани боми нуқтаи иттилооти “Душанбе-Сити” дар бозори марказии ноҳияи мазкур вориди он шуда, аз онҷо 600 сомонӣ ва 6 адад телефонҳои мобили гуногунтамғаро, ки арзишашон 14 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 34-солаи сокини ҳамин ноҳия содир намудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.