расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » САГИ БӮГИР АЗ БАҒОЧИ МУСОФИРИ ПАРВОЗИ НОВОСИБИРСК – ХУҶАНД 1,8 МИЛЛИОН РУБЛ ЁФТ (АКС)

Асосӣ / Ҷомеа / Муҳоҷир

САГИ БӮГИР АЗ БАҒОЧИ МУСОФИРИ ПАРВОЗИ НОВОСИБИРСК – ХУҶАНД 1,8 МИЛЛИОН РУБЛ ЁФТ (АКС)

САГИ БӮГИР АЗ БАҒОЧИ МУСОФИРИ ПАРВОЗИ НОВОСИБИРСК – ХУҶАНД 1,8 МИЛЛИОН РУБЛ ЁФТ (АКС)
Хадамоти матбуоти боҷхонаи минтақаи Сибири Русия рӯзи 11 марти соли 2024 хабар дод, ки кормандони боҷхонаи фурудгоҳи “Толмачёво”-и шаҳри Новосибирск аз як кӯшиши ба Тоҷикистон бурдани маблағи бузурги пули нақд пешгирӣ кардаанд.
Бино ба ин манбаъ, шаҳрванди 29-солаи Русия, ки аз фурудгоҳи “Толмачёво” ба шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон парвоз мекард, аз “роҳрави сабз” мегузашт. Бо интихоби “роҳрави сабз” мусофирон эълом мекунанд, ки бо худ чизе барои дар боҷхона нишон додан надоранд.
Вале кормандони боҷхона бо кумаки саги бӯгирашон муайян карданд, ки ин мусофир дар бағочи худ маблағи бузурги пули нақдро бурда истодааст. Тафтиши бағоч нишон дод, ки ӯ бо худ 1 миллион 800 ҳазор рубл ва 101 доллар доштааст.
Дар гузориш гуфта мешавад, ки “азбаски пулҳои нақди тибқи қурби расмӣ аз 10 ҳазор доллари Амрико бештар бояд ҳатман эъломияи гумрукӣ карда шаванд, 897 ҳазору 200 рубл аз пулҳое, ки ин мусофир бурданӣ буд, ғайриқонунӣ буд”.
Дар натиҷа 903 ҳазор рубл ва 101 долларро ба мусофир баргардонда, боқимонда пулҳои ӯро гирифтаанд ва нисбат ба ӯ парвандаи маъмурӣ кушодаанд. Ба ӯ барои кӯшиши ба хориҷи Русия бурдани маблағи бузурги пули нақд ҷаримаи ҳангуфт таҳдид мекунад. 897 ҳазор рубли аз ӯ гирифташударо низ метавонанд ба фоидаи давлат мусодира кунанд.
Бисёре аз муҳоҷирони тоҷик пулҳои бо азоб дар муҳоҷират кор кардаашонро ба сурати нақд ба Ватан меоранд.  Аз муҳоҷирони тоҷик даъват мекунем, ки ҳангоми аз Русия баровардани пули нақд хеле эҳтиёт  ва тибқи қонун кунанд, то ки пулҳои бо ин қадар азобу машаққат дар мулки ғурбат бадастовардаашон мусодира нашавад. Пур кардани эъломияи гумрукӣ комилан бепул аст ва дар сурати пур кардани он касе ҳаққи мусодираи пули шуморо надорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.