расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Санади нав барои муҳоҷирон дар Русия метавонад ҷорӣ шавад: Пулашро кӣ медиҳад?

Асосӣ / Ҷомеа / Муҳоҷир

Санади нав барои муҳоҷирон дар Русия метавонад ҷорӣ шавад: Пулашро кӣ медиҳад?

Таҳияи санади махсусе пешниҳод шудааст, ки ҳуқуқи шаҳрванди хориҷӣ ба фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар қаламрави Русияро тасдиқ мекунад

ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Дар Русия лоиҳаи қонунеро омода кардаанд, ки талаботи навро нисбати муҳоҷирони кории хориҷӣ пешбинӣ мекунад.
Тибқи тарҳи таҳиякардаи Вазорати меҳнати Русия, шаҳрвандони хориҷӣ дар сурати берун аз соҳа кор кардан аз кишвар ихроҷ мешаванд.
Пешниҳод шудааст, ки санади махсуси тасдиқкунандаи ҳуқуқи шаҳрванди хориҷӣ ба фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар қаламрави Русия таъсис дода шавад.
"Дар амал ин маънои онро дорад, ки муҳоҷири корӣ дар доираи ҷалби муташаккил назди як корфармои мушаххас тибқи иҷозатнома кор мекунад. Ҳамзамон, пешпардохти иҷозатнома аз ҷониби ширкате, ки мустақиман мутахассиси хориҷиро киро мекунад, пардохт мешавад", - фаҳмонд вазорат.
Лоиҳаи қонун ба баланд бардоштани ҳавасмандии корфармоён ба иштирок дар ҷалби муташаккил ва таъсиси чунин механизм ҳамчун авлавият нигаронида шудааст.
Ин тасмим ҳолатҳоеро аз байн хоҳад бурд, ки муҳоҷири корӣ ҳангоми ворид шудан ба Русия аз кор дар як ширкат, ки хароҷоти ба кор гирифтани ӯ, аз ҷумла арзиши чиптаҳои ҳавопаймоиро ба дӯш гирифтааст, даст кашида, ба дигараш мегузарад.
Ба ин тартиб, ҳолатҳои ворид шудан ба Русия аз ҷониби шахсоне, ки бо истифода аз даъвати муташаккилона мехоҳанд ғайриқонунӣ дар кишвар бимонанд, истисно карда мешаванд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.