расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Бо муҷассамаи Рустаму Сӯҳроб. Дар Панҷакент боғи Абулқосим Фирдавсӣ бунёд мешавад

Асосӣ / Ҷомеа

Бо муҷассамаи Рустаму Сӯҳроб. Дар Панҷакент боғи Абулқосим Фирдавсӣ бунёд мешавад

Бо муҷассамаи Рустаму Сӯҳроб. Дар Панҷакент боғи Абулқосим Фирдавсӣ бунёд мешавад
Дар Панҷакент боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ бунёд мешавад ва дар маркази он муҷассамаҳои қаҳрамонони “Шоҳнома” қомат меафрозанд. Дар ин бора аз шаҳрдории Панҷакент ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.
Аз шаҳрдории Панҷакент гуфтанд, тибқи лоиҳаи ангоравӣ бунёди боғи Абулқосим Фирдавсӣ дар буриши хиёбони Рӯдакӣ ва кӯчаи Саъдии Шерозии шаҳр пешбинӣ шудааст.
“Боғ дар масоҳати 7 ҳазору 600 метри мураббаъ бо тарҳи нав бунёд мешавад, ки ба назар чун асбоби мусиқии торро менамояд. Роҳрави асосии боғ бо паҳноии 8 метр ва дарозии 75 метр бо нақшу нигори миллӣ аз сангҳои ороишии ватанӣ гулчинӣ шуда, аз даромадгоҳи боғ то ба майдон тӯл мекашад”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо.
Ӯ афзуд, боғ аз майдони пазироӣ оғоз шуда, бинандагон тавассути дарвозаи баландияш 8 ва дарозии 14 метр, ки бо сутунпояҳои бузурги мармарин, нақшу ороиши миллӣ, намои муҷассамаҳои паҳлавонони достонҳои безаволи “Шоҳнома” бунёд мешаванд, ворид мегарданд.
Дар қисмати болои дарвоза навиштаҷоти “Боғи Абулқосим Фирдавсӣ” бо ҳуруфи кириллӣ ва форсӣ ҳаккокӣ мешавад.
Дар лоиҳа бунёди майдони даврашакл бо ҳудуди 30 метр ва сутунҳои гаронҳаҷми болордор бо рӯпӯш аз сангҳои мармарини ватанӣ ба назар гирифта шудааст.
“Болотар аз майдони мазкур муҷассамаи Абулқосим Фирдавсӣ бо баландии 5,5 метр қомат меафрозад. Баландии зерпояи муҷассама 6,2 метр буда, дар паҳноии 3,4 метр бо сутунҳои зебо бо тарҳи таърихӣ ва навиштаҷоти Абулқосим Фирдавсӣ бо ду забон пешбинӣ гардидааст”, - афзуд масъули шаҳрдории Панҷакент.
Ба гуфтаи ӯ, дар паси муҷассама деворнигораҳо бо баландии аз 2,5 то ва 3,5 метр бо дарозии 34 метр барелеф - нигораҳо аз намунаҳои саҳнаҳои достони безаволи “Шоҳнома” ва ашъори шоир дарҷ мешавад.
Ҳамсӯҳбати мо гуфт, дар атрофи муҷассама фаввораҳои зебо бо нишастгоҳҳои чӯбину мармарин ва сӯҳбаткадаи бузурги мармарин барои қироати  “Шоҳнома”, яъне “Шоҳномахонӣ”, ба инобат гирифта шудааст.
Ҳамин тавр, ӯ таъкид кард, дар лоиҳаи боғ ҳамчунин чароғпояҳои хурду бузург, шинонидани дарахтони ороишии ҳамешасабз, гулҳои мавсимӣ, курсиҳои нишаст, роҳравҳо, фаввораҳои хурди обнӯшӣ, даромадгоҳҳои хурди гулпӯш, қуттиҳои партов, гулдонҳо, панҷараҳои филизии иҳотавӣ, пандусҳо - роҳравҳои махсус барои одамони маҳдудҳаракат, обпошҳои худкор ва ғайра пешбинӣ гардидааст.
Масъулин ва муаллифони лоиҳа аз аҳли фарҳангу зиёи кишвар мехоҳанд, ки барои такмили ин лоиҳаи ангоравӣ фикру мулоҳиза ва пешниҳодҳои худро ба шаҳрдории Панҷакент ё ширкати лоиҳакашии “Мусаввир” ироа кунанд.
Масъулин ва муаллифони лоиҳа аз аҳли фарҳангу зиёи кишвар мехоҳанд, ки барои такмили ин лоиҳаи ангоравӣ фикру мулоҳиза ва пешниҳодҳои худро ба шаҳрдории Панҷакент ё ширкати лоиҳакашии “Мусаввир” ироа кунанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.