расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » “Ҳамос” ва Исроил барои оташбаси 30-рӯза созиш кардаанд

Асосӣ / Ҷаҳон

“Ҳамос” ва Исроил барои оташбаси 30-рӯза созиш кардаанд

Гуруҳи “Ҳамос” ва Исроил барои оташбаси 30-рӯза, бар ивази раҳоии маҳбусони фаластинӣ ва гаравгонҳои исроилӣ созиш кардаанд. Дар ин бора “Садои Амрико” бо истинод ба “Reuters” хабар медиҳад.
Ба навиштаи ин расона, эълони расмии созиши оташбас айни ҳол ба далели “ихтилоф бар сари шартҳои қатъи ниҳоии ҷангҳо” ба таъхир афтодааст, аммо ба қавли манобеи ин расона, он метавонад “ҳар лаҳза ҳосил шавад”.
Манобеъи амниятии Миср гуфтаанд, “Ҳамос” талаб дорад, ки баъди оташбаси муваққат ва раҳоии гаравгонҳо оташбаси доимӣ эълон гардад.
Исроил ва миёнаравҳо - Иёлоти Муттаҳида, Миср ва Қатар - талош доранд, ки музокирот марҳила ба марҳила ҷараён гирифта, шартҳои табодули тадриҷии гаравгонҳоро баррасӣ кунанд.
Манобеъи “Axios” хабар доданд, ки дар марҳилаи аввали созиши нав, ҷониби Исроил пешниҳод кардааст, ки “Ҳамос” занон, мардони аз 60-сола боло ва ҳамчунин гаравгонҳоро, ки дар ҳолати вазнин қарор доранд, раҳо кунад.
Дар марҳалаҳои баъдӣ Исроил озодии сарбозони зан, мардони то 60-солаи ғайринизомӣ ва низомиёну ҷасади гаравгонҳо баргардонида шаванд.
Дар иваз Исроил бояд маҳбусони фаластиниро, ки дар зиндонҳои Исроил нигоҳ дошта мешаванд, ба “Ҳамос” супорад.
Ба гуфтаи яке аз намояндагони “Ҳамос”, Исроил пешниҳод кардааст, ки агар ин гурӯҳ шаш раҳбари аршади худ, аз ҷумла раҳбари Бюрои сиёсии ин гурӯҳ Яҳё Синворро барканор кунад, ҷангро хотима медиҳад, аммо “Ҳамос” ин пешниҳодро ба таври қатъӣ рад кардааст.
Исроил ин хабарро расман тасдиқ накардааст. Якчанд манбаъҳои оҷонсӣ иддао кардаанд, ки исроилиён аз баррасии масъалаи хатми ҷанг бидуни аз байн бурдани “Ҳамос” худдорӣ кардаанд.
Ёдовар мешавем, ки даргирӣ дар Ховари Миёна 7-уми октябр, дар пайи ҳамлаи гуруҳи “Ҳамос” ба Исроил, ки бар асари он 1200 исроилӣ куштаву беш аз 200 нафар асир гирифта шуданд, оғоз гардид.
Баъди ин Исроил ба навори Ғазза ҳуҷум кард ва то имрӯз беш аз 25 ҳазор фаластиниро, ки аксари онҳо занону кӯдакон мебошанд, кушт.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.