расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Эмомалӣ Раҳмон сармоягузорони Қатарро ба Тоҷикистон даъват кард

Асосӣ / Президент / Иқтисодиёт

Эмомалӣ Раҳмон сармоягузорони Қатарро ба Тоҷикистон даъват кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатиаш ба Қатар дар шаҳри Давҳа бо доираҳои соҳибкорону сармоягузорон ва ширкатҳои Давлати Қатар мулоқот анҷом дод.
Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, зимни вохӯрӣ Эмомалӣ Раҳмон аз як қатор соҳаҳои афзалиятнок дар ҷумҳурӣ барои ҳамкории минбаъда ном бурд.
Ба ақидаи сарвари давлати Тоҷикистон,  сайёҳӣ бахши калидиест, ки ба таваҷҷуҳи хосса ниёз дорад.
“Ҳукумати кишвар тавассути истифодаи имкониятҳои соҳибкории хурду миёна ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба таҳкиму тавсеаи зерсохтори соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон. - Дар ин самт мо дар панҷ соли охир барои сармоягузорон ва ширкатҳо   имтиёзу сабукиҳои ҷолиб пешниҳод намудаем”.
Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣСурат: хадамоти матбуоти сарвари давлат
Ӯ зикр кард, ки воридоти молу ашё ва таҷҳизот барои бунёди иншооти сайёҳӣ аз боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда ҳамчунин, ширкатҳои навтаъсиси соҳа аз пардохти андоз аз фоида ба муддати панҷ сол озод карда шудаанд.
Сурат: хадамоти матбуоти сарвари давлат
Ҳамчунин ӯ таъкид дошт, ки  дар соҳаи захираҳои табиӣ ва гидроэнергетика Тоҷикистон имконоти зиёд дошта, рушди иқтисоди сабз ва устувор тариқи амалисозии лоиҳаҳо, аз ҷумла неругоҳи барқи обии”Роғун” муҳим аст.
Дар нақшаҳои рушд афзоиши имконоти энергетикӣ ба миқдори 4000 мегаватт бо таваҷҷуҳ ба энергияи аз лиҳози экологӣ тоза пешбинӣ шудааст.
Зимни суханронии пурмуҳтаво Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин оид ба имконоти фарохи сармоягузорӣ ба соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла саноати сабуку хӯрокворӣ, металлургия, мошинсозӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва дорусозӣ андешаронӣ кард.

Сурат: хадамоти матбуоти сарвари давлат
Дар робита ба рушди саноати кӯҳкорӣ президент таъкид дошт, ки истихроҷи металлҳои гуногун ва сангҳои қиматбаҳо, инчунин зарурати ҷорисозии технологияҳои муосир ва ҷалби сармоягузорӣ ба бахшҳои зикршуда дурнамои хуб доранд.
Дар соҳаи маорифу илм нияти таҳкими робитаҳо, табодули донишҷӯён ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ-таҳқиқотӣ таъкид шуд. Ба ақидаи Эмомалӣ Раҳмон, соҳаи тандурустӣ ва технологияҳои иттилоотӣ, инчунин кори бонкӣ ва хидматрасониҳои молиявӣ низ самтҳои калидӣ барои ҳамкорӣ мебошанд.
Сарвари давлати Тоҷикистон муҳимияти таъмини рушди устувор, татбиқи лоиҳаҳо оид ба ҳифзи муҳити зист, густариши ҳамкории фарҳангӣ, аз ҷумла баргузории чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ, инчунин дастгирии соҳаи варзишро таъкид кард.
Қобили зикр аст, ки дар доираи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар байни кишварҳо 9 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.