расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Қазоқистон ба Тоҷикистон таҷҳизот барои табобати бемориҳои шуш такдим кард

Асосӣ / Иқтисодиёт

Қазоқистон ба Тоҷикистон таҷҳизот барои табобати бемориҳои шуш такдим кард

Қазоқистон барои табобати бемориҳои шуш ба Тоҷикистон се таҷҳизоти тиббӣ фиристод. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, 40 нафар аз мутахассисони тоҷик, аз ҷумла, духтурони пулмонолог (роҳҳои нафас) курсҳои омӯзиширо оид ба истифодаи дурусти таҷҳизоти тиббӣ хатм кардаанд.
“Зимни машварати омӯзишӣ аз ҷониби мутахассисони кишвари Қазоқистон ба табибони мамлакат тарзу усули истифодаи таҷҳизоти BARK VibroLUNG омӯзонида шуд”, - менависад манбаъ.
Тавре дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қайд карданд, дастгоҳи виброакустикии BARK VibroLUNG барои табобати бемориҳои шуш ва мушкилоти шуш дар муассисаҳои тиббӣ пешбинӣ шудааст. Принсипи кории дастгоҳ ба таъсири сигнали пурқуввати виброакустикӣ асос ёфта, муҳлати хизматрасонии он 10 сол мебошад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.