расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » СУҚУТИ ЧАРХБОЛИ АРТИШИ ҚИРҒИЗИСТОН ДАР КАНОРИ БИШКЕК ЯК КУШТА ВА 8 ЗАХМӢ БА ҶО ГУЗОШТ

Асосӣ / Ҷомеа

СУҚУТИ ЧАРХБОЛИ АРТИШИ ҚИРҒИЗИСТОН ДАР КАНОРИ БИШКЕК ЯК КУШТА ВА 8 ЗАХМӢ БА ҶО ГУЗОШТ

СУҚУТИ ЧАРХБОЛИ АРТИШИ ҚИРҒИЗИСТОН ДАР КАНОРИ БИШКЕК ЯК КУШТА ВА 8 ЗАХМӢ БА ҶО ГУЗОШТ
Рӯзи 17 январи соли 2024 дар натиҷаи суқути як чархболи ҳарбӣ дар канори Бишкек як низомӣ ба ҳалокат расида, 8 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. Бино ба иттилои маркази матбуоти вазорати дифои Қирғизистон, чархболи Ми-8МТВ, ки ба нирӯҳои дифои ҳавоӣ тааллуқ дошт, ҳангоми анҷоми парвози тамринӣ дар ҳудуди қисми ҳарбии 23565-и  нирӯҳои дифои ҳавоии Қувваҳои мусаллаҳи ин кишвар суқут кардааст.
 “Дар натиҷаи суқути чархбол, як ходими ҳарбӣ ба ҳалокат расида, 8 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Чор нафари онҳо дар реаниматсия қарор доранд — як нафар дар ҳолати хеле вазнин қарор дошта, вазъи боқимонда миёнаи вазнин арзёбӣ мешавад”, - гуфта мешавад дар иттилоияи вазорати дифои Қирғизистон. Ҳамаи маҷруҳон дар бемористони “Ёрии таъҷилӣ” бистарӣ карда шудаанд.
Барои анҷоми аҳқиқи сабабҳои ин ҳодиса як комиссияи махсус ташкил шудааст. Гуфта мешавад, баъди анҷоми таҳқиқот натиҷаҳои он нашр хоҳад шуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.