расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » “Сомон Эйр” аз Хуҷанд ба Дубай, Ҷидда ва Истамбул парвозҳоро боз мекунад.

Асосӣ / Иқтисодиёт

“Сомон Эйр” аз Хуҷанд ба Дубай, Ҷидда ва Истамбул парвозҳоро боз мекунад.

Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" аз ифтитоҳи парвозҳои мустақими байналмилалӣ дар хатсайрҳои Хуҷанд-Дубай-Хуҷанд, Хуҷанд-Ҷидда-Хуҷанд ва Хуҷанд-Истанбул-Хуҷанд хабар медиҳад.
Парвозҳо аз Хуҷанд ба Дубай аз 4-уми феврали соли ҷорӣ ҳафтае як маротиба, рӯзҳои якшанбе ба нақша гирифта шудаанд. Вақти парвоз аз Хуҷанд соати 20:10. Ба самти муқобил – 00:10 (шаби Душанбе).
Инчунин аз 6-уми феврал парвозҳо аз Хуҷанд ба Ҷидда ҳар ҳафта рӯзҳои сешанбе анҷом мешаванд. Вақти парвоз аз Хуҷанд 21:15, аз Ҷидда - 02:30 (шаби чоршанбе).
Аввалин парвоз дар масири Хуҷанд-Истанбул-Хуҷанд рӯзи 7-уми март сурат гирифта, минбаъд ҳар ҳафта рӯзҳои панҷшанбе ба роҳ монда мешавад. Парвоз аз Хуҷанд соати 10:00, ба самти муқобил – соати 15:15 ба вақти маҳаллӣ анҷом мешавад.
Илова бар ин, аз 22-юми январ ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз Душанбе ба Алмаато ҳафтае се маротиба – рӯзҳои душанбе, чоршанбе ва шанбе парвоз хоҳад кард.
Ҳамчунин, аз 24-уми январ ширкати “Сомон Эйр” теъдоди парвозро аз Душанбе ба Тошканд зиёд карда, рӯзҳои душанбе, чоршанбе ва ҷумъа анҷом медиҳад. Ҳама парвозҳо дар ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва Boeing 737-900 анҷом дода мешаванд.
Бояд гуфт, ки айни ҳол ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Чин, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Эрон, Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон парвоз мекунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.