расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ИНТИҚОМ БА МАБЛАҒИ 120 МИЛЛИОН РУБЛ! 5 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ ЯК ТОҶИК БАРОИ ОТАШ ЗАДАНИ 10 МОШИНИ ГАРОНБАҲОИ КОРФАРМОЯШ

Асосӣ / Ҷомеа

ИНТИҚОМ БА МАБЛАҒИ 120 МИЛЛИОН РУБЛ! 5 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ ЯК ТОҶИК БАРОИ ОТАШ ЗАДАНИ 10 МОШИНИ ГАРОНБАҲОИ КОРФАРМОЯШ

ИНТИҚОМ БА МАБЛАҒИ 120 МИЛЛИОН РУБЛ! 5 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ ЯК ТОҶИК БАРОИ ОТАШ ЗАДАНИ 10 МОШИНИ ГАРОНБАҲОИ КОРФАРМОЯШ
Додгоҳи ноҳияи Заелтсовои шаҳри Новосибирски Русия рӯзи 10 январи соли 2024 шаҳрванди 35-солаи Тоҷикистон Қосимҷон Ҳоҷибоевро ба 5 соли зиндон маҳкум кард. Хадамоти матбуоти додгоҳ гуфт, ки шаҳрванди Тоҷикистон бар асоси қисми дуюми моддаи 158 ва қисми дуюми моддаи 167 Кодекси ҷиноятии Русия дар дуздӣ ва қасдан несту нобуд кардани молу мулки нафари дигар, дақиқтараш, дар оташ задани 10 мошини гаронбаҳои корфармояш гунаҳкор шинохта шуд. Худи Қосимҷон Ҳоҷибоев дар ҷараёни тафтишот ва дар додгоҳ ин иттиҳомотро комилан рад карда, гуфтааст, он шаб дар ҷои дигар буд ва ҷисман наметавонист гаражи корфармояш автогоншики шинохтаи маҳаллӣ Дмитрий Матвеевро оташ бизанад. Аммо расонаҳои маҳаллӣ менависанд, ки муҳоҷири тоҷик бо чунин роҳ аз корфармои хасисаш барои маоши ночизи ба ӯ пардохткардааш интиқом гирифтааст. Интиқом ба маблағи 120 миллион доллар, ё тақрибан 1 миллиону 400 ҳазор доллар!
Хадамоти матбуоти додгоҳи ноҳияи Заелтсово дар иттилоияш гуфт: “Додгоҳ муайян кард, ки дар натиҷҷаи аъмоли барқасдонаши ҷиноятиаш Қосимҷон Ҳоҷибоев  молу мулки ҷабрдидаҳо ба маблағи беш аз 113 миллион рублро нобуд кардааст. Ба болои ин, Ҳоҷибоев велосипеди яке аз ҷабрдидаҳоро дуздида, ба вай ба маблағи 17 ҳазору 300 рубл зарар расондааст. Бо ҳукми додгоҳ даъвоҳои ду ҷабрдида низ қонеъ гардонида шуда, барои онҳо аз ҳисоби маҳкумшуда мутаносибан 27 ҳазору 300 рубл ва 230 ҳазор рубл рӯёнда шуд”.
Ин товон барои як велосипед ва зарарест, ки сӯхтор ба бинои гаражи соҳибхона расонда буд. Дар бораи ҷуброни зарар барои 10 мошини сӯхта чизе гуфта нашудааст, чунки, қарори маълум, аз як муҳоҷири бечора рӯёндани чунин маблағи бузург – 120 миллион рубл – коре хориҷ аз ҳадди имкон ба назар мерасад...

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.