расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Дар Хатлон шавҳар пораи ҷигарашро ба ҳамсараш дод.

Асосӣ / Ҳаводис

Дар Хатлон шавҳар пораи ҷигарашро ба ҳамсараш дод.

Муҳаммадӣ Лолахонов, як сокини ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон пораи ҷигарашро ба ҳамсараш додааст.
Ба иттилои маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, ҷарроҳии мазкур дар Маркази миллии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсонии ин вазорат гузаштааст ва ҳолати беморон ҳоло хуб арзёбӣ мешавад.
Муҳаммадӣ Лолахонов ва ҳамсараш дар навор мусоҳиба дода, вазъи саломатиашонро хуб зикр мекунанд.
"Ман ҳамсарамро нағз мебинам. Мехоҳам садсолаҳо болои сари фарзандонам саломат бошад", - мегӯяд шавҳари бемор.
Гуфтан ба маврид аст, ки ба ҳамсари худ додани порае аз узви бадан аз сӯи шавҳар дар Тоҷикистон камсобиқа аст ва чунин гузоришҳо қариб расонаӣ намегарданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.