расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ДУ ТОҶИКУ ЯК ҚИРҒИЗ БАРОИ ҚОЧОҚИ МАВОДИ МУХАДДИР АЗ ШАҲРВАНДИИ РУСИЯ МАҲРУМ ШУДАНД

Асосӣ / Ҷомеа / Муҳоҷир

ДУ ТОҶИКУ ЯК ҚИРҒИЗ БАРОИ ҚОЧОҚИ МАВОДИ МУХАДДИР АЗ ШАҲРВАНДИИ РУСИЯ МАҲРУМ ШУДАНД

ДУ ТОҶИКУ ЯК ҚИРҒИЗ БАРОИ ҚОЧОҚИ МАВОДИ МУХАДДИР АЗ ШАҲРВАНДИИ РУСИЯ МАҲРУМ ШУДАНД
Ду зодаи Тоҷикистон ва як зодаи Қирғизистон дар кишвари Красноярски Русия ба далели даст доштанашон дар ҷиноятҳои марбут ба қочоқу фурӯши маводи мухаддир аз шаҳрвандии Русия маҳрум карда шуданд. Хадамоти матбуоти Сарраёсати корҳои дохилии кишвари Красноярск 29 декабри соли 2023 дар иттилоияш гуфт, аз чунин чора, яъне маҳрум кардан аз шаҳрвандии Русия ба далели даст доштан дар ҷиноятҳои вазнин дар ин минтақа бори аввал истифода бурдаанд. "Ин се нафари солҳои таваллудашон 1976, 1994 ва 2001 қаблан бар асоси қонунгузории мавҷуда соҳиби шаҳрвандии Русия шуда буданд ", - гуфта мешавад дар хабар. 
"Ду нафари онҳо зодагони Тоҷикистон ва якеи дигар аз Қирғизистон буда, барои нигоҳ доштан ё фурӯши маводи мухаддир адои ҳукм мекунанд, вале парвандаҳояшон ҷудо буд. Баъди адои ҳукм онҳо муваззафанд, ки қаламрави Русияро тарк кунанд", -  хабар додааст Сарраёсати корҳои дохилии кишвари Красноярск.
Ин алакай дуюмин ҳолати аз шаҳрвандии Русия маҳрум кардани афродест, ки ба қочоқи маводи мухаддир айбдор мешаванд. Рӯзи 13 декабри соли 2023 хадамоти матбуоти Сарраёсати корҳои дохилии шаҳри Маскав хабар дод, ки ду нафари муттаҳам ба харидуфурӯши маводи мухаддирро аз шаҳрвандии Русия маҳрум карданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.