расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ШУРӮИ МАЪРАКАИ ГУСТАРДАИ АЗ ШАҲРВАНДИИ РУСИЯ МАҲРУМ КАРДАНИ МУҲОҶИРОН

Асосӣ / Муҳоҷир

ШУРӮИ МАЪРАКАИ ГУСТАРДАИ АЗ ШАҲРВАНДИИ РУСИЯ МАҲРУМ КАРДАНИ МУҲОҶИРОН

ШУРӮИ МАЪРАКАИ ГУСТАРДАИ АЗ ШАҲРВАНДИИ РУСИЯ МАҲРУМ КАРДАНИ МУҲОҶИРОН
Дар ду ҳафтаи охир мақомоти корҳои дохилаи 7 минтақаи Русия: шаҳру вилояти Маскав, шаҳри Санкт-Петербургу вилояти Ленинград, вилоятҳои Тверу Челябинск ва кишвари Красноярск даҳҳо муҳоҷирро ба далели даст доштан дар ҷинояту қонуншиканиҳо аз шаҳрвандии Русия маҳрум карданд. Шаҳрвандии аксари онҳоро барои худро дар комиссариатҳои ҳарбӣ дар қайд нагузоштан бекор карда, шиносномаҳояшонро кашида гирифтанд. Танҳо дар шаҳри Петербург ахиран якбора 10 нафарро аз шаҳрвандии Русия маҳрум карданд ва асосан ба ҳамин далели саркашӣ аз сабти ном дар комиссариати ҳарбӣ ва рафтан ба хидмат.
Нозирони умур инро ба камбуди шадиди нирӯ, ки артиши Русия дар ҷанги зидди Украина дучор шудааст, рабт медиҳанд ва мегӯянд, мақомоти Русия зоҳиран бо чунин фишорҳо ва таҳдиди аз шаҳрвандӣ маҳрум кардан мехоҳанд муҳоҷиронеро, ки тоза шаҳрванди Русия шудаанд, барои рафтан ба ҷанги зидди Украина водор кунанд.
Хадамоти матбуоти сарраёсати корҳои дохилии вилояти Маскав рӯзи 28 декабри соли 2023  хабар дод, ки дар ин вилоят як зодаи Тоҷикистонро барои саркашӣ аз рафтан ба хидмати ҳарбӣ аз шаҳрвандии Русия маҳрум карданд. Ин зодаи Тоҷикистон соли 2019 шаҳрванди Русия шуда буд.
“Ҳамчун  шаҳрванди Русия, ӯ моҳи декабри соли 2022 аз комиссияи тиббӣ дар комиссариати ҳарбӣ гузашт ва барои хидмати ҳарбӣ коромад дониста шуд. Ӯро аз зарурати рафтан ба хидмати ҳарбӣ хабардор карданд, вале ӯ дар рӯзи таъйиншуда ба комиссариати ҳарбӣ наомад. Мози марти соли 2023 ин зодаи Тоҷикистон барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ бар асоси қисми якуми моддаи 328 Кодекси ҷиноятии Русия маҳкум шуд. Сарраёсати корҳои дохилии вилояти Маскав бо қарори худ шаҳрвандии ин зодаи Тоҷикистонро бекор кард ", -  гуфта мешавад дар иттилоияи пулиси вилояти Маскав.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.