расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Пагоҳ Эмомалӣ Раҳмон ба парлумон паём қироа мекунад. Аз паёми соли 2022 кадом вазифаҳо иҷро шуд?

Асосӣ / Президент

Пагоҳ Эмомалӣ Раҳмон ба парлумон паём қироа мекунад. Аз паёми соли 2022 кадом вазифаҳо иҷро шуд?

Мансабдорон ҳамеша аз “сармашқи кори худ” кардани паём ҳарф мезананд, аммо вазъ бозгӯи воқеияти дигар аст.

Имсол Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон паёми солонаи худро ба парлумон 28-уми декабр ироа мекунад. Одатан дар паёми худ раиси ҷумҳур самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷиро муайян карда, фаъолияти ҳукуматро дар соли ҷорӣ натиҷагирӣ ва ҳадафҳоро барои соли минбаъда мушаххас менамояд. То куҷо дастуру супоришҳое, ки раиси ҷумҳур зимни ироаи паёми худ медиҳад, иҷро мегарданд?
Афзоиши 20%-и маошу нафақа ва болоравии бесобиқаи нархҳоДар паёми соли гузашта президент супориш дод, ки маошу нафақа ва идрорпулӣ аз 20 то 25 дарсад боло бурда шавад.
Воқеан, аз 1-уми марти соли 2023 маоши хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони ҳифзи ҳуқуқ 25 фоиз ва аз 1-уми июли соли 2023 маоши кормандони ҳифзи иҷтимоӣ, стипендияҳои донишҷӯён ва нафақаи заминавӣ 20 дарсад зиёд шуд.
Вале дар баробари ин, шаҳрвандон аз он шикоят доранд, ки соли равон нархи маҳсулоти истеъмолӣ нисбат ба маош ва дигар даромадҳо ба маротиб боло рафта, онҳоро водор кардааст, ки харҷи худро кам кунанд.
Агентии омори Тоҷикистон мегӯяд, дар 11 моҳи соли 2023 сатҳи таваррум, муҳимтарин омили таъсиррасон ба нархгузорӣ, дар кишвар танҳо 3,4 дарсад афзудааст ва ин пасттарин сатҳи таваррум давоми 31 соли истиқлол аст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.