расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ТАБИБОНИ НОВОСИБИРСК МАЛИКАИ ЧОРМОҲА АЗ ТОҶИКИСТОНРО АЗ МАРГ НАҶОТ ДОДАНД

Асосӣ / Ҷомеа

ТАБИБОНИ НОВОСИБИРСК МАЛИКАИ ЧОРМОҲА АЗ ТОҶИКИСТОНРО АЗ МАРГ НАҶОТ ДОДАНД

ТАБИБОНИ НОВОСИБИРСК МАЛИКАИ ЧОРМОҲА АЗ ТОҶИКИСТОНРО АЗ МАРГ НАҶОТ ДОДАНД
Маркази миллии тиббию таҳқиқотии ба номи академик Е.Н. Мешалкини вазорати тандурустии Русия, ки дар шаҳри Новосибирск фаъолият мекунад, рӯзи 21 декабри соли 2023 хабар дод, ки табибони ин марказ тавонистанд як тифли чормоҳа аз Тоҷикистонро, ки модарзод бемории нодири қалб дошт ва ба болои ин, ба коронавирус гирифтор шуда буд, аз марг наҷот диҳанд.  Гуфта мешавад, ки ин тифли тоҷикро бо кумаки ҷарроҳии эндоваскулярӣ наҷот додаанд. Табибон худи инро, ки бо чунин бемории мураккаби қалб, Малика то чормоҳагӣ зинда мондааст, аз шарофати нирӯи бадани ин тифл ва як ҳодисаи хеле нодир мешуморанд.
Малика моҳи июли соли 2023 дар Тоҷикистон бо бемории нодири нуқси қалби обӣ (синий порок сердца) ба дунё омада, қалбаш ба ҷои 4 утоқ ё камера ҳамагӣ  як даҳлези қалбу як батн (желудочек) доштааст ва хунаш ба далели нуқси рагҳои хунгард ба таври мустақим ба шоҳраг намерафт. Ин нуқсонҳо боиси камбуди шадиди кислород (оксиген) дар хун ва ранги кабуд гирифтани пӯсти бемор мешавад, ки кабуд ё обӣ ном гирифтани ин маризӣ аз ҳамин ҷост. Табибон мегӯянд, дар ғайри сурати табобати сари вақт ба марги бемор мерасонад.
Ба ин далел бо вуҷуди дар ҳолати хеле сахти гирифторӣ ба коронавирус қарор доштани кӯдак, табибиони Маркази Мешалкин тасмим гирифтанд, ки ба сурати фаврӣ ҷарроҳии эндоваскуляриро анҷом диҳанд.Алексей Войтов ҷарроҳи бемориҳои дилу раг дар Маркази Мешалкин мегӯяд: “Тағйироте, ки мо мушоҳида мекардем, мисли филмҳо тағйироти босуръате буд. Дар пеши чашми мо симои кӯдак ранги гулобӣ гирифт, сатҳи сатуратсия, яъне таъмини хунаш бо оксиген то ба 90 фоиз расид, ки барои чунин беморон нишондиҳандаи алакай хуб аст”.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.