расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » МУСОДИРАИ БОЗ 93 ҚУТТӢ “ХЛОПУШКА” АЗ ЯК СОКИНИ НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ

Асосӣ / Ҷомеа

МУСОДИРАИ БОЗ 93 ҚУТТӢ “ХЛОПУШКА” АЗ ЯК СОКИНИ НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ

МУСОДИРАИ БОЗ 93 ҚУТТӢ “ХЛОПУШКА” АЗ ЯК СОКИНИ НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 19 декабри соли 2023 хабар дод, ки дар ҷараёни чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия як марди 32-солаи сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов бо гумони муомилоти ғайриқонунӣ бо маводи тарфгарӣ дастгир карда шуд. Гуфта мешавад, ҳангоми азназаргузаронӣ аз ин сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов 93 қуттии маводи тарфгарии намуди «Трения» дарёфт ва гирифта шуд.
Оид ба ин ҳодиса нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 199, иловаи 1, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
 Дар Тоҷикистон аз соли 2008 воридот, хариду фурӯш ва истеҳсолу паҳн намудани маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ, ё хлопушка) манъ карда шуда, дар Кодекси ҷиноятии ҷумҳурӣ моддаи махсуси 199, иловаи 1 илҳоқ шудааст. Ин банди қонун ҳамчун ҷазо  барои воридоту нигаҳдорӣ ва фурӯши “хлопушка” аз ҷарима ба андозаи аз 100 то 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар соли 2023 баробари 64 сомонист ва аз соли оянда ба 72 сомонӣ мерасад) то ҳукми зиндон ба муҳлати аз як то ду солро пешбинӣ мекунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.