расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » МАРГИ ТИФЛИ ЯКУНИМСОЛАИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК ДАР КРАСНОЯРСК АЗ ДОРУИ АНТИБИОТИК

Асосӣ / Муҳоҷир

МАРГИ ТИФЛИ ЯКУНИМСОЛАИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК ДАР КРАСНОЯРСК АЗ ДОРУИ АНТИБИОТИК

МАРГИ ТИФЛИ ЯКУНИМСОЛАИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК ДАР КРАСНОЯРСК АЗ ДОРУИ АНТИБИОТИК
Дар шаҳри Красноярски Русия дар пайи бо сӯзандору гузарондани антибиотик духтарчаи якунимсолаи як оилаи муҳоҷирони тоҷик ҷон додааст. Дар ин бора 15 декабри соли 2023  нашрияи маҳаллии “Новая Хакасия” хабар дод. Бино ба иттилои нашрия, фоҷиа рӯзи 18 ноябри соли 2023 рух додааст. Модари 30-солаи духтарча ва падари 39-солааш ба сабаби дар Русия сабти номи қонунӣ надоштани ҷавонзан тасм
им гирифтаанд, ки фарзанди беморшудаашонро худашон  мустақилона дар хона табобат кунанд. Модари кӯдак ба бадани ӯ бо сӯзандору антибиотики тсефтиаксон гузарондааст. Вале дору боиси ба шоки анафилактикӣ ва судорога афтодани кӯдак шудааст. Падару модар кӯдакро фавран ба бемористон бурдаанд, вале табибон натавонистаанд ки аз марг наҷоташ диҳанд. Кӯдак ба ҳолати кома (мадҳушӣ афтода), ҳамин тавр, дигар ба ҳуш наомада, ҷон додааст. Модари тифли ғӯррамарг гуфтааст, ки ба вай сироп нӯшонда буд ва сӯзандору нагузарондааст.
Ин алакай дуюмин ҳодисаи марги кӯдакони хурдсоли муҳоҷирони тоҷик дар Русия дар рӯзҳои охир аст. Қаблан хабар омада буд, ки духтарчаи дусолаи як оилаи зодагони Тоҷикистон шоми 13 декабри соли 2023 дар шаҳри Приозёрски вилояти Ленингради Русия ҷон додааст.Кӯдак ҳамроҳи бародари сесолааш бозӣ мекард. Аз қазо вақти бозии кӯдакон тумбае, ки дар болояш телевизор буд, ҳамроҳи телевизор ба болои сари духтарча чаппа шудааст. Бино ба иттилои Piter.tv,  кӯдак дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.