расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ЯТИМОВ ВА ТОШИЕВ: БОЗ 120 КМ ПЕШ РАФТЕМ, ТО ИМРӮЗ 90% МАРЗРО АЛАКАЙ МУШАХХАС КАРДЕМ

Асосӣ / Ҷомеа

ЯТИМОВ ВА ТОШИЕВ: БОЗ 120 КМ ПЕШ РАФТЕМ, ТО ИМРӮЗ 90% МАРЗРО АЛАКАЙ МУШАХХАС КАРДЕМ

ЯТИМОВ ВА ТОШИЕВ: БОЗ 120 КМ ПЕШ РАФТЕМ, ТО ИМРӮЗ 90%  МАРЗРО АЛАКАЙ МУШАХХАС КАРДЕМ 
Расонаҳои Қирғизистон видеои баёнияҳои роҳбарони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба таъйин ва аломатгузории марзи ду кишвар Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев дар бораи натиҷаи мулоқоти навбатиашонро, ки рӯзи 12 декабри соли 2023 дар шаҳри Бодканд доир шуд, нашр карданд.
Саймумин Ятимов изҳор дошт, ки дар ин мулоқот “корҳои ба қадри кофӣ азим анҷом дода шуд ва мо ба масофаи боз беш аз 120 километри дигар пеш рафтем. Мо ин масъалаҳоро усулан ҳал кардем. Аз тӯли умумии марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон, ману Қамчибек Хидиршоевич гуфта метавонем, ки алакай беш аз 90 фоизи мархи давлатӣ муайян карда шудааст. Мо дар ҳақиқат ба ҳалли ин масъалаҳо наздик шудаем”.
Қамчибек Тошиев то имрӯз мушаххас шудани беш аз 90 фоизи марзи Тоҷикистону Қирғизистонро тасдиқ кард ва афзуд, ки қитъаҳои мушаххасшуда ба зудӣ таъйину аломатгузорӣ хоҳанд шуд.
"Ҳамагӣ чанд қитъаи дигар боқӣ мондааст, ки мо дар марвиди онҳо низ ба зудӣ корро ба анҷом мерасонем. Ин кадом қитъаҳост? Сар карда аз Қайрағоч, Қулунду, Максад, Арқа, Арқа-1, Арқа-2, Жанӣ-Жер ва рафта то Жийделиқ. Гуруҳҳои корӣ ташхиси қитъаҳоро пурра ба анҷом расондааст. Бар илова, мо тӯли марзро дар мавзеъҳои Қара-Бак, Лаккон то нуқтаи баҳамоиии марзи се кишвар ба анҷом расондем. То анҷоми кор пиромуни тамоми марзи давлатӣ ҳамагӣ чанд мулоқоти дигар лозим аст ", - изҳор дошт Тошиев.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.