расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » БАРКАНОРИИ СУДЯИ СУДИ ПАНҶ ЗАЙДУЛЛЛОЗОДА БАРОИ “КИРДОРЕ, КИ ШАЪНУ ЭЪТИБОРИ СУДЯРО ПАСТ МЕЗАНАД”

Асосӣ / Ҷомеа

БАРКАНОРИИ СУДЯИ СУДИ ПАНҶ ЗАЙДУЛЛЛОЗОДА БАРОИ “КИРДОРЕ, КИ ШАЪНУ ЭЪТИБОРИ СУДЯРО ПАСТ МЕЗАНАД”

БАРКАНОРИИ СУДЯИ СУДИ ПАНҶ ЗАЙДУЛЛЛОЗОДА БАРОИ “КИРДОРЕ, КИ ШАЪНУ ЭЪТИБОРИ СУДЯРО ПАСТ МЕЗАНАД”
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 6 декабри соли 2023 бо имзои як фармон якбора чор  додрас ё судяро аз вазифа озод кард. Аммо агар Табарзода Изатулло Сафар аз вазифаи муовини раиси суди вилояти Хатлон, Юсуфзода Муҳаммадалӣ Файзалӣ ва Абдулғанизода Абдумонеъ аз вазифаи судяи суди шаҳри Душанбе “бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан” озод карда шуда бошанд, сабаби барканории Зайдуллозода Саидаҳмад Миршариф аз вазифаи судяи суди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон дар фармони президент “бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад” гуфта шудааст. Дар бораи ба чӣ кирдор айбдор шудани ин судяи ҳамакнун собиқ чизе гуфта нашудааст, вале маъмулан ибораи “бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад” дар фармонҳои президент нисбат ба додрасҳое истифода мешаванд, ки ба ҷиноятҳои коррупсионӣ, асосан ба гирифтани ришваву пора даст задаанд.
Худи Саидаҳмад Зайдуллозода ва наздиконаш низ барои шарҳи қазия дастрас нестанд. Номи Зайдуллозода қаблан як дафъа дар соли 2021 дар пайи як ҷанҷол расонаӣ шуда буд. Сомонаи “Фараж”  хабар дода буд, ки рӯзи 10 январи соли 2021 дар пайи ба ҳам бархӯрдани мошинҳояшон дар маркази ноҳияи Панҷ судя Саидаҳмад Зайдуллозода ва раиси совхози қароқулпарварии “Панҷ” Абдулҳаев Абдухалил, маъруф ба “Махсуми Халил” занозанӣ кардаанд. Зайдуллозода мегуфт, ки Махсуми Халил ба ӯ хусумат дошт ва ба ин далел, дар пайи ин садама ӯро латтукӯб кард. Махсуми Халил мегуфт, ки хусумате ба судя надорад ва баракс ин судя буд, ки ӯро дашномҳои қабеҳ доду як мушт ба сараш зад ва ӯ дар посух танҳо аз худаш ҳимоят кард. Баъди муддате ҳарду ҷониб хабар доданд, ки оштӣ кардаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.