расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Эмомалӣ Раҳмон ба Дубай рафт

Асосӣ / Ҷомеа

Эмомалӣ Раҳмон ба Дубай рафт

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ сафар намудааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ҳадафи сафар иштирок дар Конфронси 28-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим мебошад.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе кишвардорро Қоҳир Расулзода, Озода Раҳмон ва раисони палатаҳои поёниву болоии парлумони кишвар Муҳаммадтоир Зокирзода ва Рустами Эмомалӣ гусел кардаанд.
Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии ӯ оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони энергетика ва захираҳои об, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кишоварзӣ, саноат ва технологияҳои нав, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист, директори Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.