расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ҶОРӢ ШУДАНИ ҶАЗОҲОИ ШАДИДТАР БАЪДИ РАБУДАНИ МУОВИНИ РАИСИ “ОРИЁНБОНК”

Асосӣ / Ҷомеа

ҶОРӢ ШУДАНИ ҶАЗОҲОИ ШАДИДТАР БАЪДИ РАБУДАНИ МУОВИНИ РАИСИ “ОРИЁНБОНК”

ҶОРӢ ШУДАНИ ҶАЗОҲОИ ШАДИДТАР БАЪДИ РАБУДАНИ МУОВИНИ РАИСИ “ОРИЁНБОНК” 
Баъди ҳодисаи пурсарусадои рабудан ва қатли муовини аввали раиси “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоев, ҷарима барои истифодаи рақамҳои бегонаи мошинро се маротиба боло бурда, барои истифодаи рақамҳои қалбакӣ ҳаҷми ҷаримаро 5 маротиба боло бурда,  барои чунин амал ҳукми зиндон низ ҷорӣ кардаанд. Аз ҷумла бар асоси тағйироти ҷадид ба моддаи 313 Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Тоҷикистон, акнун барои истифода аз рақамҳои бегона ё ба нафари дигар додани рақами мошин ҷарима ба маблағи аз 30 то 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо маҳрум кардан аз ҳаққи ронандагӣ ба муҳлати то як сол пешбинӣ шудааст.  То поёни соли ҷорӣ ин ҷаримаҳо аз 2040 то 3400 сомонӣ, яъне аз наздики 200 доллар то беш аз 300 долларро ташкил хоҳанд дод. То ҳол ҷарима барои истифодаи рақамҳои бегона аз 680 то 1020 сомонӣ, яъне аз тақрибан 60 доллар то наздики 100 долларро ташкил медод ва муҳлати маҳрум кардан аз ҳаққи ронандагӣ то шаш моҳ буд.
Акнун истифодаи рақамҳои қалбакиро аз ин моддаи Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Тоҷикистон бароварда, ба моддаи 212, иловаи якуми Кодекси ҷиноятӣ ҳамроҳ кардаанд.  Ин банди қонун барои сохтан, нишоҳ доштан, истифодаа ваё ба каси дигар додани рақамҳои қалбакии воситаҳои нақлиёт ҳамчун ҷазо ҷарима ба маблағи аз 500 то 1000 нишондиҳанда, яъне азх 34 ҳазор то 680 ҳазор, ё ҳудудан аз 3 то 6 ҳазор доллар ваё то 2 сол ҳукми зиндонро пешбинӣ мекунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.