расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » НИШОНДИҲАНДА БАРОИ ҲИСОБҲО 72 СОМОНӢ ШУД. ИН НАРХИ БИСЁР ЧИЗҲО - АЗ ҶАРИМАҲО ТО ПУЛИ “ТОНИРОВКА”-РО БОЛО МЕБАРАД

Асосӣ / Ҷомеа

НИШОНДИҲАНДА БАРОИ ҲИСОБҲО 72 СОМОНӢ ШУД. ИН НАРХИ БИСЁР ЧИЗҲО - АЗ ҶАРИМАҲО ТО ПУЛИ “ТОНИРОВКА”-РО БОЛО МЕБАРАД

НИШОНДИҲАНДА БАРОИ ҲИСОБҲО 72 СОМОНӢ ШУД. ИН НАРХИ БИСЁР ЧИЗҲО  - АЗ ҶАРИМАҲО ТО ПУЛИ “ТОНИРОВКА”-РО БОЛО МЕБАРАД
Меъёри нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар соли оянда 4 сомонӣ  ё 6,88 дарсад зиёд мешавад. Ҳоло он 68 сомонӣ аст ва соли 2024 он 72 сомонӣ хоҳад шуд. Дар ин бора дар матни қонуни Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2024, ки дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи кишвар нашр шудааст, зикр мешавад.  Дар моддаи 23-и ин қонун гуфта мешавад, ки “аз 1 январи соли 2024 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷиҳати ҳисобкунии андоз, боҷ, пардохтҳои дигари ҳатмӣ, муҷозоти ҷаримавӣ, пардохтҳои иҷтимоӣ ба андозаи 72 сомонӣ муқаррар карда шавад”.
Бо афзоиши нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҳаҷми андозҳо, боҷҳо, ҷаримаҳо, пардохтҳои ҳатмӣ, кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ ва иловапулиҳо мутаносибан тағйир меёбад.Аз ҷумла, ҳаҷми пардохти хидмати ҳарбии пулакии ҳарбӣ низ тағйир хоҳад ёфт. Тибқи нишондиҳандаи нав барои ҳисобҳо онҳое, ки мехоҳанд хидмати ҳарбии пулакӣ анҷом диҳанд, ба ҷойи 51 ҳазор, ҳамакнун  54 ҳазор сомонӣ пардохт мекунанд.
Ҳамин тариқ, маблағи сиёҳ кардани шишаи мошинҳо низ боло меравад. Соҳибони мошинҳои истеҳсолашон то 31 декабри соли 2004 бояд аз 1 январи соли оянда 4 ҳазору 680 сомонӣ пардохт кунанд, яъне 65 нишондиҳанда барои ҳисобҳо. Дар ҳоли ҳозир ин маблағ 4 ҳазору 420 сомониро ташкил медиҳад. Соҳибони мошинҳои сохти соли 2005 ва баъди он аз соли оянда 6 ҳазору 48 сомонӣ пардохт мекунанд, яъне 84 нишондиҳанда барои ҳисобҳо. Ҳоло онҳо 5 ҳазору 712 сомонӣ месупоранд. Иҷозат барои сиёҳ кардани шишаи мошинҳо ба муҳлати як сол дода мешавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.