расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ДАР ФАЙЗОБОД ЯК МАРД ЗАНИ ҲАМҚАДАҲАШРО БАРОИ ПУЛ КУШТА, МУРДААШРО ДАР ҒОР ПАРТОФТААСТ

Асосӣ / Ҷомеа

ДАР ФАЙЗОБОД ЯК МАРД ЗАНИ ҲАМҚАДАҲАШРО БАРОИ ПУЛ КУШТА, МУРДААШРО ДАР ҒОР ПАРТОФТААСТ

ДАР ФАЙЗОБОД ЯК МАРД ЗАНИ ҲАМҚАДАҲАШРО БАРОИ ПУЛ КУШТА, МУРДААШРО ДАР ҒОР ПАРТОФТААСТ
Як марди 39-солаи сокини ноҳияи Файзобод баъди 7 моҳи кушта шудани як зани низ 39-солаи сокини ҳамин ноҳия ба даст доштан дар қатли бераҳмонаи ин зан айбдор шудааст.
Бино ба фарзияи ВКД ҳодиса чунин рух додааст: “Номбурда 24-уми апрели соли 2023, тахминан соати 16:40, дар заминҳои деҳаи Ситораи ноҳияи Файзобод ҳамроҳии зани 39-солаи сокини ноҳияи мазкур як зарфи пур аз машруботро нӯшидаанд ва зани 39-соларо хоб бурдааст. Гумонбаршаванда аз хоб будани ҷабрдида истифода бурда, ҳамёни ӯро кушода, маблағҳои пулиро дида, дасту пояшро бо селофани полиэтеленӣ бастааст. Сипас, селофани дигарро ба сараш кашида, ҳамзамон бо дастонаш гулӯяшро бӯғӣ карда, қасдан ӯро аз ҳаёт маҳрум сохтааст”. Баъди куштани зан, гумонбаршаванда ҷасади марҳумро ба дохили ғор партофта, маблағи 15 ҳазор сомонӣ ва 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг Галакси”-и ӯро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
ВКД гуфт, гумонбаршаванда қаблан бар асоси моддаи 385 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо ҷурми аз сабаби тарсончакӣ ё беҷуръатӣ бо ихтиёри худ таслим шудан ба асирӣ ва бар асоси моддаи 228 Кодекси ҷиноятии Русия бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир зиндонӣ шудааст. Дар бораи ин ки ӯ кай, дар куҷо, чӣ гуна ва ба кӣ “аз сабаби тарсончакӣ ё беҷуръатӣ ба асирӣ таслим шудааст?”, дар хабари ВКД чизе гуфта нашудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.