Корвони кумакҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳаммиллатони мазлуму зарардидаи он сӯи Омуро дида, ин шеъри Ҳаким Саноӣ ба ёд омад:
Корвони кумакҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳаммиллатони мазлуму зарардидаи он сӯи Омуро дида, ин шеъри Ҳаким Саноӣ ба ёд омад:
Ҳама рӯз рӯза будан, ҳама шаб намоз кардан,
Ҳамасола ҳаҷ намудан, сафари Ҳиҷоз кардан.
Зи Мадина то ба Каъба сару по бараҳна рафтан,
Ду лаб аз барои лаббайк ба вазифа боз кардан.
Ба масоҷиду маобид ҳама эътикоф ҷустан,
Зи малоҳию маноҳӣ ҳама эҳтироз кардан.
Шаби ҷумъаҳо нахуфтан, ба Худой роз гуфтан,
Зи вуҷуди бениёзаш талаби ниёз кардан.
Ба Худо, ки ҳеҷ якро самар он қадар набошад,
Ки ба рӯи ноумеде дари баста боз кардан.