БАҲСИ МАРЗ САБАБИ ЗАНОЗАНӢ БАЙНИ МУҲОҶИРОН АЗ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ДАР КРАСНОГОРСК ШУДААСТ
БАҲСИ МАРЗ САБАБИ ЗАНОЗАНӢ БАЙНИ МУҲОҶИРОН АЗ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ДАР КРАСНОГОРСК ШУДААСТ
Рӯзи 14 сентябри соли 2023, дар ҳоле ки роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар нишасти худ дар Душанбе роҳҳои таҳкими дӯстию ҳамкорӣ байни кишварҳояшонро баррасӣ м екарданд, дар шаҳри Красногорски вилояти Маскави Русия баҳси муҳоҷирон аз се кишвари муҳоҷирфиристи ин минтақа: Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон бар сари масоли марзӣ ба занозании гуруҳӣ печида, бо боздошти 22 иштирокчии ин занозанӣ анҷомид.
Telegram-канал Mash бо нашри як видео аз маҳалли ҳодиса маҳз ихтилофи назари байни муҳоҷирон аз се кишвари Осиёи Миёнаро сабаби муноқишаи онҳо дар як таваққуфгоҳи мошинҳо дар шаҳри Красногорск номида, ин ҳодисаро чунин ба риштаи тасвир кашидааст:
«Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ба якдигар эълони ҷанг карданд. Вале дар як миқёси хурд бо иштироки 22 нафар дар шаҳри Красногорски вилояти Маскав.
Ҳамаи иштирокчиёни занозанӣ дар корхонаҳои Красногорск кор мекунанд ва байни онҳо дар мавриди муноқишаҳои давомдори байни кишварҳояшон ва даъвои қаламрав баҳсу муноқишаҳо сар мезад. Аммо ин дафъа рӯди Рубикон убур шуд ва муноқишаҳои лафзӣ ба занозанӣ бо мушту лагад дар як таваққуфгоҳи воқеъ дар наздикии майдони сохтмон печид.
Нирӯҳо баробар набуд: 13 шаҳрванди Ӯзбекистон бо итисфода аз зиёд будани шумораашон 5 шаҳрванди Қирғизистон ва 4 шаҳрванди Тоҷикистонро танг карданд. Вале ба ҷои ҳодиса расидани пулис боис шуд, ки ин издиҳом рӯ ба фирор биорад — пулис маҷбур шуд, ки иштирокчиёни занозаниро таъқиб карда, дар ҳавлиҳо боздошт кунад”.