УСТОДИ ПАҲЛАВОНОНИ ВАНҶ МУРУВВАТШО БАЧАБЕКОВ АЗ ДУНЁ РАФТ
УСТОДИ ПАҲЛАВОНОНИ ВАНҶ МУРУВВАТШО БАЧАБЕКОВ АЗ ДУНЁ РАФТ
Устоди варзиши Тоҷикистон ва Иттиҳоди Шӯравӣ дар гуштини дзюдо ва тарзи озод, мураббии чанд насли паҳлавонҳои номдори тоҷик Мурувватшо Бачабеков рӯзи 9 сентябри соли 2023 дар синни 79 аз олам чашм пӯшид. Дар ин бора шогирдон ва мухлисони ин паҳлавони номӣ ба пойгоҳи хабарии “Ориён” хабар доданд. Ба иттилои онҳо, Мурувватшо Бачабеков, ки дар Душанбе мезист, барои чанд рӯз ба зодгоҳаш, деҳаи Баравни ҷамоати Водхуди ноҳияи Ванҷи вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон рафта буд.
“Аз Душанбе, ки ҳавояш хеле вазнин шуда буд, барои чанд рӯз ба деҳа рафт, ки аз ҳавои тозаи кӯҳистон нафасе чанд бикашад. Вале, мутассифона, дар Баравн фишори хунаш баногоҳ боло рафт ва ҳамегӣ се ило чор рӯз дар бистари беморӣ буд ва ҷон ба Ҷонофарин супурд”, - нақл кард яке аз наздиони паҳлавони шинохта. Мурувватшо Бачабековро ҳамон рӯзи 9 сентябр дар пайи баргузории маросими видоъ дар зодгоҳаш деҳаи Баравни ҷамоати Водхуди ноҳияи Ванҷи вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба хок супурданд.
Мурувватшо Бачабеков дар воқеъ яке аз асосгузорони мактаби гуштингирии Ванҷ дониста мешавад, ки имрӯз шуҳрати ин мактаб аз Тоҷикистон ҳам хеле фаротар рафтааст.Паҳлавонҳои номии зодаи Ванҷ, аз ҷумла Давлатшо Бачабеков, Ҳимматшо Қаноатов, генерал Саламшо Муҳаббатов, Акбар Муҳаббатов, Абдулло Тирандозов, Алишер Давлатов худро аз парвардаҳои мактаби гуштини Мурувватшо Бачабеков медонанд.