расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ДУ ҶАБҲАИ МУҚОВИМАТИ ЗИДДИ ТОЛИБОН ТО БА МАСКАВ РАСИД

Асосӣ / Ҷомеа / Ҷаҳон

ДУ ҶАБҲАИ МУҚОВИМАТИ ЗИДДИ ТОЛИБОН ТО БА МАСКАВ РАСИД

ДУ ҶАБҲАИ МУҚОВИМАТИ ЗИДДИ ТОЛИБОН ТО БА МАСКАВ РАСИД
Русия тамосҳояшро бо гуруҳҳои гуногуни зидди режими Толибон дар Афғонистон афзоиш додааст. Андрей СЕРЕНКО, таҳлилгари  руси масоили Осиёи Марказӣ ва Афғонистон бо такя ба манобеи наздик ба гуруҳҳои мусаллаҳи зидди Толибон хабар дод, ки алакай намояндаи Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз Маскав боздид карда, бо “бархе ҳамсуҳбатони бонуфузи ба Кремл наздик” мулоқот кардааст ва қарор аст, акнун намояндагони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ низ ба Маскав биоянд. Серенко таъкид кардааст, ки ин тамосҳо баъди ду соли ғасби қудрат дар Афғонистон аз сӯи ҳаракати тундрави Толибон сурат мегирад. Таҳлилгари рус менависад, Маскав то кунун талош дошт, то бо Толибон “равобити созанда” барпо кунад, вале зоҳиран бархӯрди бидуни алтернативаи Маскав нисбат ба режими Толибон сар омадааст ва мақомоти Русия рӯи гуруҳҳову нирӯҳои дигар дар саҳнаи Афғонистон низ фикр мекунанд.
Бино ба иттилои Андрей Серенко, дар аввали моҳи августи соли 2023 яке аз роҳбарони Ҷабҳаи озодии Афғонистон, ки ба он генерал Муҳаммадзиё Ёсин раҳбарӣ мекунад, ба Маскав омада, як ҳафта дар ин ҷо қарор дошт ва дар ин муддат як силсила мулоқотҳо, аз ҷумла бо “бархе ҳамсуҳбатони бонуфузи ба Кремл наздик”  баргузор кардааст. Ба иттилои манобеи Серенко, дар нимаи дуюми моҳи август, қарор аст, роҳбарони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба раҳбарии Аҳмади Масъуд, фарзанди “Шери Панҷшер” Аҳмадшоҳи Масъуд низ аз Маскав боздид кунанд, Манобеи Серенко гуфтаанд, ки Аҳмади Масъудро дар ин сафар метавонад Амруллоҳ Солеҳ, собиқ  раиси Хадамоти амният ва ноиби собиқи президент Ашраф Ғанӣ, ки баъди фирори Ғанӣ ҳатто худро президент эълон карда буд, ҳамроҳӣ кунад.
Серенко дар шарҳи ин таҳаввулот менависад:   “Дар Маскав пайдо шудани намояндагони оппозитсияи мусаллаҳи Афғонистон метавон ҳамчун таҳрири стратегияи Русия нисбат ба Афғонистон маънидод кард. Яқинан, роҳбарияти Русия муносибаташ нисбат ба диктатураи Толибон ва мухолифони онҳоро, ки омодаанд силоҳ дар даст ба зидди режими Толибон мубориза баранд, тағйир медиҳад”.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.