расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » МАРЯМ, ХОНАНДАИ СИНФИ 9 АЗ ДУШАНБЕ ЧЕМПИОНИ ҶАҲОН ОИД БА ТХЭКВОНДО ШУД

Асосӣ / Варзиш

МАРЯМ, ХОНАНДАИ СИНФИ 9 АЗ ДУШАНБЕ ЧЕМПИОНИ ҶАҲОН ОИД БА ТХЭКВОНДО ШУД

МАРЯМ, ХОНАНДАИ СИНФИ 9 АЗ ДУШАНБЕ ЧЕМПИОНИ ҶАҲОН ОИД БА ТХЭКВОНДО ШУД
Хонандаи синфи 9 мактаби миёнаи №21 ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Марям Абдураҳимова рӯзи 19 августи соли 2023, дар рӯзи аввали чемпионати ҷаҳон оид ба тхэквондо (ИТФ), ки дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон идома дорад, соҳиби медали тилло ва сазовори унвони чемпион ё қаҳрамони ҷаҳон гардид. 
Дар бора дар Фейсбук Асомиддин Бобозода, сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар дод. 
“Офарин!!! Хонандаи пойтахт - чемпиони ҷаҳон!!!” – навиштааст бо ваҷд Асомиддин Бобозода.
Тхэквондо мисли карате ва кунфу як навъи муҳорибаҳои шарқист.
Чемпионати ҷаҳон оид ба тхэквондо бо иштироки беш аз 900 варзишгар ах 45 кишвари дунё дар шаҳри Остона 19 август оғоз ёфт ва то 27 август давом мекунад. Дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро дар умум 24 варзишгар намояндагӣ мекунанд.
Марям Абдураҳимова нахустин медали тиллои ин чемпионати ҷаҳонро ба ҳамёни тими миллии Тоҷикистон овард. Гуфта мешавад, ки ин духтари тоҷик тавонистааст ҳамаи рақибони худро шикаст диҳад ва сазовори унвони қаҳрамони ҷаҳон шавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.