расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Рустами Эмомалӣ бо муовини Си Ҷин Пин мулоқот кард: тафсилот

Асосӣ / Президент / Сиёсат

Рустами Эмомалӣ бо муовини Си Ҷин Пин мулоқот кард: тафсилот

Масоили иқтисоду сармоягузорӣ, маорифу фарҳанг ва муборизаи муштарак алайҳи ҳама таҳдидҳо аз умдатарин мавзуоти мулоқоти ҷонидбҳо будааст
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Рустами Эмомалӣ дар идомаи сафараш ба Чин бо муовини раҳбари ин кишвар Хан Чжэн мулоқот намуданд.
Ҷонибдҳо вазъ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи байнидавлатӣ, инчунин масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ кардаанд, хабар медиҳад котиботи Маҷлиси миллӣ.
Рустами Эмомалӣ гуфтааст, ки рушди муносибатҳои гуногунҷанба бо Чин аз афзалияти сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба шумор рафта, Пекин барои Душанбе шарики боэътимоди стратегӣ дар арсаи минтақавию байналмилалӣ мебошад.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ташаббуси стратегии Чин "Як камарбанд, як роҳ"-ро ҷонибдорӣ намуда, дар доираи он ба густариши ҳамкории мутақобилан судманд, ки ба манфиатҳои аслии ду давлат ва мардумони бо ҳам дӯсти онҳо равона гардидааст, назари нек дорад.
Раиси шаҳри Душанбе аллакай бо шаҳрдори Пекин Йин Ёнг, Чин мулоқот карда, ҷонибҳо Ёддошти дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни маъмурияти ду шаҳрро имзо карданд.
Ҳамзамон ӯ бо бо Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Чин муҳтарам Чжао Лэтсзи мулоқот карда, якчанд созишномаҳои ҳамкорӣ, ки бештараш ҷанбаи иқтисодӣ доранд, имзо кард.
Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо дар марҳилаи гузариши Тоҷикистон ба модели саноатию аграрии рушд, баланд бардоштани неруи инноватсионии истеҳсолотро бо истифода аз технологияҳои илмию индустриалии Чин мувофиқи мақсад ҳисобиданд.
Шаҳрдори Душанбе ва муовини Си Ҷин Пин аз сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда, хостори афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Чин ва тақвияти бештари ҳамкориҳо шудаанд
"Дар ҷараёни вохӯрӣ ҳамчунин масъалаҳои фарҳангию гуманитарӣ, зиёд намудани шумораи бурсия ва стипендияҳои ҳукумати ҶМЧ барои Тоҷикистон ва ҷалби сармоя барои инфрасохтори сайёҳии Тоҷикистон баррасӣ гардид", - афзудааст манбаъ.
Ҷонибҳо дар шароити мураккаби чолишҳои байналмилалӣ, бахусус вазъияти ноорому ташвишовари Афғонистон зарур шуморидаанд, ки зиддҳи ҳама таҳдидҳо якҷоя мубориза баранд
Дар фарҷом Рустами Эмомалӣ муовини раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Хан Чжэнро ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон даъват намудааст.

Манбаъ

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.