расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ТАФСИЛОТИ САДАМАИ КӮЛОБ: АРӮСУ ДОМОД ОСЕБ НАДИДААНД

Асосӣ / Муҳоҷир

ТАФСИЛОТИ САДАМАИ КӮЛОБ: АРӮСУ ДОМОД ОСЕБ НАДИДААНД

ТАФСИЛОТИ САДАМАИ КӮЛОБ: АРӮСУ ДОМОД ОСЕБ НАДИДААНД

Орзу Ҳамидиён, муовини раиси шаҳри Кӯлоб садамаи мудҳиши шоми 6-уми август ва то куҷо воқеият доштани ба ҳалокат расидани арӯсу домодро шарҳ дод.

Ӯ дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки вақти бархӯрди “Дулан” ба чанд мошину хонаҳои истиқоматӣ, дар ҷойи ҳодиса 8 нафар ва дар беморхона 2 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Дар посух ба саволи “оё рост аст, ки дар ин садамаи мудҳиш арӯсу домод ва чанд ҳамроҳи ӯ низ ба алокат расидаанд?” Орзу Ҳамидиён чунин гуфт: “Вақте ки мошини “Дулан” ба хонаи арӯс бармехӯрад, аллакай арӯсу домодро ба хонаи бахт гусел карда будаанд. Хушбахтона, дар ин садама арӯсу домод осебе надидаанд”.
Ба гуфтаи Орзу Ҳамидиён, ҳоло аз ҷониби мақомоти дахлдор роҳҳои мавзеи садама тоза карда шуда, рафтуомади мошинҳо таъмин гардидааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.