расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » МУҶОЗОТИ ДУ РОНАНДАИ МАРШРУТКА БАЪДИ ҶАНГУ КУРТАКАНӢ БАРОИ ЯК МУСОФИР

Асосӣ / Ҳаводис

МУҶОЗОТИ ДУ РОНАНДАИ МАРШРУТКА БАЪДИ ҶАНГУ КУРТАКАНӢ БАРОИ ЯК МУСОФИР

МУҶОЗОТИ ДУ РОНАНДАИ МАРШРУТКА БАЪДИ ҶАНГУ КУРТАКАНӢ БАРОИ ЯК МУСОФИР 
Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 2 августи соли 2023 аз боздошти ду ронандаи маршруткаҳои мусофиркашон хабар дод. Дар матни зери видеое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, гуфта мешуд, ки ин ду ронанда барои як мусофир муноқиша карда, аз гиребони якдигар гирифтаанд. Дар видео дида мешуд, ки куртаи як ронандаро дар баданаш, ба таъбири мардум, лахт-лахт, яъне пора-пора кардаанд.
Худи ин ду ронанда барои шарҳи моҷаро дастрас нестанд, вале бино ба иттилоъи милитсияи пойтахт, “ шаҳрвандон Холов Қаҳрамон Идрисович, санаи таваллудаш 27.05.1988, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Маяковский, ронандаи автомашинаи тамғаи «Спринтер», рақамҳои қайди давлатиаш 8961FF01 ва Хоҷаев Дилшод Худойбердиевич, санаи таваллудаш 17.01.1983, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Қарабоев, ронандаи автомашинаи тамғаи «Спринтер», рақамҳои қайди давлатиаш 5293ОТ01, санаи 1-уми август, тақрибан соати 16:30 ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи А.Ғуломов барои пештар гирифтани мусофир байни ҳамдигар сабқат намуда, ба ҳаракати якдигар халал расонида, ҳолати хатарнокро ба миён овардаанд. Дар натиҷа, бо алфози қабеҳ дар байни шаҳрвандон ҳамдигарро дашном намуда, ҳамзамон якдигарро мавриди лату кӯб қарор дода, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардаанд”.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.