расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ТОЛИБОН ДАР ҲИРОТ СОЗҲОИ МУСИҚИРО ШИКАСТАНД ВА ОТАШ ЗАДАНД. ОНҲО МУСИҚИРО ҲАРОМ МЕШУМОРАНД

Асосӣ / Иқтисодиёт

ТОЛИБОН ДАР ҲИРОТ СОЗҲОИ МУСИҚИРО ШИКАСТАНД ВА ОТАШ ЗАДАНД. ОНҲО МУСИҚИРО ҲАРОМ МЕШУМОРАНД


ТОЛИБОН ДАР ҲИРОТ СОЗҲОИ МУСИҚИРО ШИКАСТАНД ВА ОТАШ ЗАДАНД. ОНҲО МУСИҚИРО ҲАРОМ МЕШУМОРАНД 
Дар поёни моҳи июли соли 2023 мақомоти ҳаракати тундрави Толибон, ки инак қариб ду сол боз ҳукуматро дар Афғонистон ғасб кардаанд, созҳои мусиқиро дар саросари вилояти Ҳирот дар ғарби ин кишвар ҷамъ оварда, бурда, дар як саҳро оташ заданд. Дар ин бора нашрияи “Ҳашти субҳ” хабар дод. Дар видеоҳои нашршуда дида мешуд, ки Толибон созҳои мусиқии як навозандаи кӯчагиро низ дар як кӯчаи шаҳри Ҳирот бо табар пора мекунанд.Мақомоти Толибон оскинонро ҳушдор додаанд, ки нафақат мусиқӣ навохтан, балки гӯш кардани оҳангҳо низ мамнӯъ аст ва касе ки ин муқарраротро риоя намекунад, ба ҷавобгарӣ кашонда хоҳад шуд.
Толибон мусиқӣ ва сурудро омили бадахлоқии ҷавонон ва уфти ахлоқии ҷомиа мешуморанд. Ба ақидаи Толибон, мусиқӣ ва суруд мухолифи меъёрҳои дин ва Шариати дини Ислом аст. Толибон қонунгузорӣ ва низоми ҳуқуқию  додгустарии ба ном “Иморати исломии Афғонистон”, давлати худхондаи худро бар пояи меъёрҳои Шариат бино кардаанд.
Бино ба тафсири уламои толиб, танҳо садои инсон, бидуни оҳанг иҷозат дода мешавад ва он ҳам танҳо дар сурати хондани наъту ношид, яъне таронаҳо дар васфи Худованд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.