расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Раҳмон вуруди мошинҳои куҳнатар аз 10-соларо манъ кард: Котиботаш сабабҳоро гуфт

Асосӣ / Президент

Раҳмон вуруди мошинҳои куҳнатар аз 10-соларо манъ кард: Котиботаш сабабҳоро гуфт

Раисҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори ҳукумат воридоти мошинҳои бароришашон то соли 2013-ро манъ кард, ки баъди 2 моҳ мавриди амал қарор мегирад

Қарори манъи мошинҳои бароришашон то соли 2013 аз сӯи раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 2 август имзо шуда, баъди 2 моҳи нашри расмияш мавриди амал қарор мегирад.
Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки мақсади ин қарор таҷдиди парки нақлиётӣ ва беҳтар гардидани сифати хизматрасонӣ мебошад.
Пешгирӣ намудани ҳолатҳои садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳо, ҳифзи муҳити зист ва коҳиш додани ҳаҷми партовҳо аз омилҳои дигаре арзёбӣ гардиданд, ки барои даст ёфтан ба он ҳукумат зарур шуморид, ки воридоти воситаҳои нақлиёти автомобилии соли бароришашон то соли 2013 ба ҳудуди ҷумҳурӣ намояд.
"Муқаррароти қарор нисбат ба автомобилҳои барои интиқоли мусофирон, автомобилҳои сабукрав, автомобилҳо барои интиқоли борҳо ва автомобилҳои таъиноти махсусдошта татбиқ мегардад", - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ таъкид намудаст, ки айни замон дар Тоҷикистон теъдоди зиёди воситаҳои нақлиёти куҳна дар истифода қарор доранд, ки манбаи асосии партови моддаҳои зарарнок ба ҳаво ба шумор мераванд.
"Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки қисми зиёди партовҳои моддаҳои зарарнок ба ҳаво асосан аз ҳисоби истифодаи нақлиёти автомобилии кӯҳна хориҷ мешавад. Инчунин аксарияти садамаҳои нақлиётӣ тавассути нақлиёти автомобилии куҳна рӯй дода истодааст", - таъкид намудаст манбаъ.
Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон бо такя ба омилҳои зикршуда, қабули қарори мазкурро муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуд.

sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.