расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ВОКУНИШИ БОНКИ МИЛЛӢ БА МАҚОЛАИ МИРБОБО МИРРАҲИМ ДАР БОРАИ САРГАРДОНИАШ БАРОИ ИРСОЛИ 29 ЕВРО БА ТУРКИЯ

Асосӣ / Иқтисодиёт

ВОКУНИШИ БОНКИ МИЛЛӢ БА МАҚОЛАИ МИРБОБО МИРРАҲИМ ДАР БОРАИ САРГАРДОНИАШ БАРОИ ИРСОЛИ 29 ЕВРО БА ТУРКИЯ

ВОКУНИШИ БОНКИ МИЛЛӢ БА МАҚОЛАИ МИРБОБО МИРРАҲИМ ДАР БОРАИ САРГАРДОНИАШ БАРОИ ИРСОЛИ 29 ЕВРО БА ТУРКИЯ
28 июли соли 2023 зимни мулоқоти муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ бо шаҳрванд Мирбобо Мирраҳим, ки ба Бонки миллии Тоҷикистон даъват гардида буд, дар ҳузури мутахассисони низоми пардохти бонк қазияи мазкур мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дода шуд.
Зимни мулоқот ба шаҳрванд Мирбобо Мирраҳим оид ба тартиби анҷом додани амалиёти интиқолӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ дар доираи қонунгузории ҷорӣ - Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом” ва Дастурамали №204-и Бонки миллии Тоҷикистон "Оид ба тартиби анҷом додани амалиёти интиқолӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ бе кушодани суратҳисоби бонкӣ" маълумот пешниҳод карда шуд.
Дар натиҷаи баргузор гардидани мулоқоти судманд ва кушоду равшан ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳар амалиёти бонкие, ки аз ҷониби муштариён амалӣ карда мешавад, бояд дар доираи қонунҳои амалкунандаи низоми бонкдории кишвар анҷом дода шавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.