расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Садамаи ду воситаи нақлиёти мусофирбар

Асосӣ / Варзиш / Ҳаводис

Садамаи ду воситаи нақлиёти мусофирбар

Садамаи ду воситаи нақлиёти мусофирбар
Дар як қатор шабакаҳои иҷтимоӣ навори садамаи ду воситаи нақлиёти мусофирбари сабукрав (такси) нашр гардида, боиси ба миён омадани вокунишҳои шаҳрвандон аз сатҳи пасти хизматрасонии «такси» гардидааст. Гарчанде аз ҷониби кормандони мақомоти милитсия ва дигар масъулини соҳа ҷиҳати пешгирии садамаҳои нақлиётӣ ва дуруст ба роҳ мондани хизматрасонии мусофирбарӣ пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ ва рейду амалиётҳои пешгирикунанда гузаронида шавад, ҳам вале ҳамоно ҳастанд баъзе аз ронандагоне, ки одитарин аломат ва талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накарда, дар натиҷаи сабқати нодуруст ҷони худ ва дигаронро зери хатар мегузоранд. 
Чунончӣ, санаи 24 июли соли 2023, тахминан соати 14:20 дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай Элантра» рақами қайди давлатиаш 6660ТТ05, Салимов Баҳриддин, ки аз кӯчаи С.Айнӣ ба самти кӯчаи Н.Муҳамммад ҳаракат мекард, зимни сабқат ва гардиши нодуруст намудан, ба автомашинаи тамғаи «Кия-Рио» рақами қайди давлатиаш 2524ТТ09, таҳти идораи шаҳрванд Ҳаққулов Фарҳод, ки аз тарафи кӯчаи С.Айнӣ ба самти кӯчаи Беҳзод бо роҳи асосӣ ҳаракат мекард, бархурдааст. 
Хушабахтона дар натиҷаи ин садамаи нақлиётӣ ягон нафар чароҳати ҷисмонӣ набардоштааст, аммо ҳар ду воситаҳои нақлиёти мусофирбар зарарҳои гуногуни техникӣ дидаанд. 
Вобаста ба ҳолати мазкур маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.