расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » 10 шабонарӯз ҳабси маъмурии ронандаи «БМВ»

Асосӣ / Ҷомеа / Ҳаводис

10 шабонарӯз ҳабси маъмурии ронандаи «БМВ»

10 шабонарӯз ҳабси маъмурии ронандаи «БМВ»
Тавассути шабакаи иҷтимоии «Фейсбук», як нафар ба унвонии мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки нисбати ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ», рақами қайди давлатиаш 0010КN01, чораҳои қонунӣ андешида шавад. Зеро номбурда зимни ҳаракат дар роҳ бар замми ба вуҷуд овардани ҳолати хатарноку садамавӣ, ҳамзамон нисбати муроҷиаткунанда дағалона рафтор намуда, бо алфози қабеҳ шаъну шарафи ӯро паст задааст.
Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки ронандаи автомашинаи мазкур, шаҳрванд Каримов Икромиддин Зиёдуллоевич, санаи таваллудаш 10.10.1988 истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе буда, дар ҳақиқат зимни идораи воситаи нақлиёт қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дағалона вайрон намуда, бар замми ин бо алфози қабеҳ тартиботи ҷамъиятиро вайрон намудааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати шаҳрванд Каримов Икромиддин тибқи талаботи моддаи 460 (Майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбаташ аз ҷониби Суди ноҳияи Сино ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10-шабонарӯз таъин карда шуд.
Ҳамзамон нисбати номбурда барои ба вуҷуд овардани ҳолати хатарноку садамавӣ бо моддаи 326 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.