расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ПАРВАНДАИ ФИРДАВСОВ ВА ҲАСАНОВ БАРОИ МАРДУМФИРЕБӢ БО ВАЪДАИ САФАРИ ҲАҶ

Асосӣ / Ҷомеа / Иқтисодиёт / Ҳаводис

ПАРВАНДАИ ФИРДАВСОВ ВА ҲАСАНОВ БАРОИ МАРДУМФИРЕБӢ БО ВАЪДАИ САФАРИ ҲАҶ

ПАРВАНДАИ ФИРДАВСОВ ВА ҲАСАНОВ БАРОИ МАРДУМФИРЕБӢ БО ВАЪДАИ САФАРИ ҲАҶ
Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи ВКД Тоҷикистон (РМЗҶМ, 1 УБОП) рӯзи 19 июли соли 2023 дар саҳифааш дар шабакаи Фейсбук хабар дод, ки “зимни пешбурди корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони РМЗҶМ муайян карда шуд, ки шаҳрванд Фирдавсов Фирдавс Қиёмиддинович, соли таваллудаш 2004, бо ҳамроҳии Ҳасанов Наврӯз Ҳасанбоевич, соли таваллудаш 1998, сокинони шаҳри Душанбе, бо мақсади ба даст овардани молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ ба эътимоди шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон даромада, бо ваъдаи фиристонидани онҳо ба зиёрати Ҳаҷҷи фарзӣ дар соли 2023 аз ҷабрдидагон маблағҳои гуногунро тасарруф намудаанд”.
Вобаста ба ин ҳолати қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад. Аз хабар бармеояд, кми Фирдавс Фирдавсов дастгир шудааст, вале Наврӯз Ҳасанов фирор кардааст.
Бинобар ин аз шаҳрвандоне, ки аз кирдорҳои ҷиноятии ин нафарон ҷабр дидаанд, ё дар бораи ҷойи буду боши Ҳасанов Наврӯз Ҳасанбоевич ягон маълумот доранд, хоҳиш  шудааст, ки тариқи телефонҳои (+992) 901-50 00 51, (+992) 939 92 76 16 ва (+992 37) 221 01 49 ба Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ муроҷиат намоянд.
Ҳар сол аз Тоҷикистон беш аз 6 ҳазор нафар ба Ҳаҷҷи фарзӣ мераванд. Вале азбаски шумораи хоҳишмандони сафар хеле зиёдтар аз квотаи ҷудокардаи Арабистони Саудист ва нархи сафар низ баланд: тақрибан 5400 доллар аст, ин бозори қаллобонро гарм кардааст ва онҳо бо ваъдаи ба Ҳаҷ фиристодан шаҳрвандонро фиреб дода, маблағҳои бузурги онҳоро тасарруф мекунанд.
Вақтҳои охир ВКД Тоҷикистон дар бораи ошкор шудани чандин мавриди қаллобӣ бо ваъдаи сафари Ҳаҷ хабар дод.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.