расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Дар Душанбе таҳти унвони «Пайравони Пешвои миллатем» ҳамоиш баргузор гардид

Асосӣ / Сиёсат

Дар Душанбе таҳти унвони «Пайравони Пешвои миллатем» ҳамоиш баргузор гардид

Дар бинои Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» 10 сентябр бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон бо иштироки ҷавонони қишрҳои гуногуни ҷомеа таҳти унвони «Пайравони Пешвои миллатем» ҳамоиш баргузор гардид.
Дар ҳамоиш раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ Абдулло Раҳмонзода ва дигар намояндагони фаъол иштирок намуда, доир ба маъракаи муҳими дарпешистода,  яъне интихоботи Президенти Ҷумҳурии Точикистон, ки 11 октябр баргузор мегардад, изҳори андеша намуданд.
«Интихоботи дарпешистода яке аз маъракаҳои муҳими сиёсии мамлакати мо маҳсуб шуда,  ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон  бояд барои иштироки фаъолона дар он талош намояд. Зеро  мо  бояд барои ҳафт соли минбаъда шахсеро  ба ин мансаби пурмасъул интихоб намоем, ки тавонад барои мардуми  кишвар  зиндагии шоистаро  таъмин намуда, баҳри шукуфоии аз ин беши сарзамин чаҳду талош намояд. Шахсияте бошад, ки мардум ба ӯ эътимоду боварӣ дошта бошанд ва тавонад обрӯву мартабаи  миллатро  дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баландтар  бардорад. Бо назардошти ҳамин омилҳо Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон номзадии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуд, ки  якдилона ҷонибдори онем»,- иброз дошт Абдулло Раҳмонзода.

Дар ҳамоиш узви Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, гирандаи стипендияи дукаратаи президентӣ Фарзона Восиева ва дигар ҷавонони фаъол низ иброз намуданд, ки «мо талош меварзем дар татбиқи ғояҳои низоми давлатдорӣ, ки аз ҷониби Пешвои миллат мушаххас гардидаанд, саҳм гузошта, иштироки сазовори ҷавононро дар равандҳои бунёдкоронаи ҷомеаи мамлакат таъмин намоем».
Дар охири ҳамоиш  иштирокдорон ҷиҳати ҷонибдорӣ аз номзади Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд, ки онҳо ояндаи боз ҳам дурахшони Тоҷикистонро  танҳо бо Эмомалӣ Раҳмон мебинанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.